"КИТОБ САРЧАШМАИ ДОНИШ АСТ"
Таҳти ҳамин унвон 1 сентябри соли ҷорӣ, бахшида ба Рӯзи китоб дар Қасри фарҳангии Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии фарҳангиву маърифтӣ баргузор гардид. Дар ин рӯз директори Китобхонаи марказии ноҳия Салимзода Наргиз, инчунин масъулони китобхона-филиалҳои №№ 4, 5, 6, 7, 23 ва 31 ширкат варзиданд. Барнома бо суханони ифтитоҳии роҳбарияти китобхона оғоз ёфт, ки дар он нақши китоб дар ташаккули шахсият, густариши ҷаҳонбинӣ ва боло бурдани маърифати ҷомеа таъкид гардид. Сипас, барномаи адабӣ бо иштироки хонандагон ва дӯстдорони китоб ҷараён гирифт. Иштирокчиён шеърҳои шоирони классикӣ ва муосирро қироат намуда, доир ба аҳамияти китоб дар зиндагии инсон суханронӣ карданд. Таъкид шуд, ки таҷлили Рӯзи китоб на танҳо арҷгузорӣ ба фарҳанги китобу китобдорӣ, балки талоше барои ҷалби бештари ҷавонон ба мутолиа ва баланд бардоштани сатҳи маънавияти ҷомеа мебошад.Дар фарҷом, хонандагони фаъол ва аъзоёни пешқадами китобхона, ки дар таҳкими маърифати китобхонӣ саҳм гузоштаанд, аз ҷониби Китобхонаи марказӣ бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.