"ХИЗМАТ БА ВАТАН - ҚАРЗИ ВИҶДОНӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ"
Таҳти ҳамин унвон 22 сентябри соли 2025 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси васеъ баргузор гардид, ки ба масъалаи ташкил ва раванди даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд. Дар ин вохӯрӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои низомӣ, мақомоти маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳузур доштанд. Дар ҷамъомад муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Вилояти Хатлон, полковники милитсия Олимҷон Шарифзода, муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ , сардори ШВКД дар ноҳия Нурализода Суҳроб, комиссари ҳарбии ноҳия Ҳасанализода Саидакбар, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, намояндагон ва мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва ҳамчунин имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта иштирок доштанд.
Вохӯрӣ бо суханронии ифтитоҳии муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ оғоз ёфт. Ӯ таъкид кард, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ на танҳо вазифаи қонунӣ, балки қарзи виҷдонӣ ва шаҳрвандии ҳар як ҷавони тоҷик ба шумор меравад. Ҳифзи Ватан нишонаи ватандӯстӣ ва масъулияти мардона аст, ки барои ҳар як ҷавон бояд амри зарурӣ бошад. Сипас, полковники милитсия Олимҷон Шарифзода дар суханронии худ таъкид намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби воқеии мардонагӣ, шуҷоат ва ватандӯстӣ мебошад.
Ҳар як ҷавоне, ки худро фарзанди содиқи миллат мешуморад, бояд омода бошад, то дар лаҳзаҳои зарурӣ аз Истиқлолият ва оромии кишвар дифоъ кунад. Ӯ изҳор дошт, ки сафи артиш на танҳо омӯзиши малакаҳои ҳарбӣ, балки таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба қонун ва тарбияи маънавӣ барои ҷавонон аст. Дар идома, дигар баромадкунандагон низ андешаҳои худро иброз доштанд.
Онҳо қайд намуданд, ки хизмат дар артиш иҷрои вазифаи қонунӣ, рамзи муҳаббат ба Ватан ва нишонаи садоқат ба миллат аст. Сарбозони ҷавон ҳамчун муҳофизони марзу буми давлат рисолати муқаддасро бар дӯш дошта, бо иродаи қавӣ ва матонати мардона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунанд. Вохӯрии мазкур бо як руҳияи баланди ватандӯстӣ ҷамъбаст гардид. Ҳам иштирокчиён ва ҳам масъулон изҳори боварӣ карданд, ки ҷавонони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ бо ҳисси баланди масъулият ва ифтихор аз хизмати аскарӣ ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд ва ҳамчун муҳофизони содиқи давлату миллат хизмати самимӣ менамоянд.

 Рускый
 Рускый
             
                                    
