НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ВОХӮРИИ ОМӮЗАНДА БО УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ"
сентябрь 26 2025

ВОХӮРИИ ОМӮЗАНДА БО УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ"

                                        ВОХӮРИИ ОМӮЗАНДА БО УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ"

            Дар доираи иҷрои нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори давлатӣ ва бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-и ноҳия хониши сиёсӣ бо усули «Мактаб ба мактаб» баргузор гардид. Мақсади баргузории ин вохӯрӣ пеш аз ҳама расонидани мазмуну муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонандагон ва волидон буд.

 Дар баробари ин, масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ, ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ ва зарурати ҷалби падару модар ба раванди таълиму тарбияи фарзанд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 Ҳамзамон, масъулин ба аҳамияти таҳсилоти миёнаи умумӣ таъкид намуда, ҳатмӣ будани таҳсил дар зинаи сеюмро ба иштирокдорон фаҳмониданд. Қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» низ мавриди шарҳ қарор гирифта, доир ба зарурати риояи он миёни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат гирифтанд.

 Мавзуъҳои дигаре чун пешгирии худкушию худсузӣ, зарари нашъамандӣ ба солимии ҷомеа ва роҳҳои муҳофизати ҷавонон аз чунин офатҳои иҷтимоӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, ҳозирин ба анҷоми корҳои ободониву тозагӣ ва саҳм гузоштан дар зебоию шукуфоии диёр даъват карда шуданд. Гуфта шуд, ки ин иқдом, яке аз роҳҳои самараноки тарбияи насли наврас ва таҳкими ҳамкории мактабу оила дар пешгирии масъалаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ мебошад.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 26 сентябрь 2025 09:34
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 36
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
22 сентябрь 2025
---
ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ҲАМАГОН МАСЪУЛ БОШЕМ!

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Маориф
ВОХӮРИҲОИ МУФИД ОИД БА

ВОХ Ӯ РИ Ҳ ОИ МУФИД ОИД БА ПЕШГИРИИ Ҷ АВОНОН АЗ ГУР ӮҲҲ ОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ Тибқи нақшаи кории Мақомоти

Маълумоти бештар
09 апрель 2024
Асосӣ / Маориф / Фарҳанг / Мақомоти иҷроия
СОЛИ 2024 - ҲАМЧУН «СОЛИ

СОЛИ 2024 - ҲАМЧУН «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ» Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои муштараки сохторҳои дахлдори

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Маориф
ВОХӮРИИ СУДМАНД БО

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ВОЛИДОНИ ХОНАНДАГОН Санаи 17 январи соли 2023 тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Октябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 

Серхонанда