НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА" - РОҲИ САМАРАНОКИ РОБИТА БО МАРДУМ
сентябрь 26 2025

УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА" - РОҲИ САМАРАНОКИ РОБИТА БО МАРДУМ

                               УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА" - РОҲИ САМАРАНОКИ РОБИТА БО МАРДУМ

         Дар доираи татбиқи барномаҳои Ҳукумати мамлакат, ки ҳадафи асосии он тақвияти робита бо аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқиву иҷтимоии шаҳрвандон мебошад, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ силсилаи вохӯриву мулоқотҳо бо усули «Деҳа ба деҳа» идома доранд. Яке аз чунин мулоқотҳо дар Ҷамоати деҳоти Маданият баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҳизбӣ ширкат варзиданд. Аз ҷумла, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Фатҳулло Рауфов ва масъулони ҷамоат бо сокинон суҳбат ороста, доир ба масъалаҳои муҳим андешаҳои худро баён карданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ба таври муфассал нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуданд. Мавзуъҳое чун риояи қонунҳо, тарбияи дурусти насли наврасу ҷавонон, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, инчунин саҳми онҳо дар корҳои созандагиву ватандӯстӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, ба масъалаи ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва хатарҳои терроризму экстремизм таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Масъулин таъкид намуданд, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд дар рушди ҷомеа, ободии деҳаву шаҳрак ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии Ватан саҳми фаъол гузорад.

Инчунин, дар вохӯрӣ масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум, истифодаи самараноки неруи барқ ва иштироки фаъолонаи сокинон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ матраҳ шуд. Дар анҷом зикр гардид, ки ободиву шукуфоии кишвар аз ҳисси масъулият ва иштироки фаъолонаи ҳар як фарди ҷомеа вобаста буда, ҳамкории зичи мардум бо сохторҳои давлатӣ ва ҳизбӣ омили муҳими пойдории субот ва пешрафт мебошад.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 26 сентябрь 2025 10:36
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 31
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
01 август 2025
---
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА МАРДУМӢ

Маълумоти бештар
12 июль 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар

Маълумоти бештар
09 апрель 2024
Асосӣ / Маориф / Фарҳанг / Мақомоти иҷроия
СОЛИ 2024 - ҲАМЧУН «СОЛИ

СОЛИ 2024 - ҲАМЧУН «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ» Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои муштараки сохторҳои дахлдори

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Октябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 

Серхонанда