НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » МАВЛОНО ДАР ҶОДАИ НАЗМУ НАСР АЗ ХУД МЕРОСИ ГАРОНБАҲОЕ БОҚӢ ГУЗОШТААСТ
ноябрь 03 2025

МАВЛОНО ДАР ҶОДАИ НАЗМУ НАСР АЗ ХУД МЕРОСИ ГАРОНБАҲОЕ БОҚӢ ГУЗОШТААСТ

МИҲД н. Ҷ. Балхӣ Сегодня, 10:22 --- 7

МАВЛОНО ДАР ҶОДАИ НАЗМУ НАСР АЗ ХУД МЕРОСИ ГАРОНБАҲОЕ БОҚӢ ГУЗОШТААСТ

      Паёми табрикии раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Ҳамдиёрони азиз! Дар сарзамини бостонии Тоҷикистони азиз ҳамасола 30 сентябр зодрӯзи шахсияти кабири адаб ва маънавиёти башарият Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки осори ҷовидонааш ба ҳама забонҳои асосии ҷаҳон тарҷума шуда, дар қалбҳои ҳазорон одамон маъво гирифтааст, ҷашн гирифта мешавад. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ соли 1207 дар шаҳри Балх ё дар Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст.   

Ном Аҳмад Ҷалолиддин тахаллусаш ба Мавлавӣ машҳур аст. Мавлоно Балхӣ соли 1273 дар Кунияи Рум вафот кардааст. Ба мардуми ноҳияи мо ифтихор аст, ки ноҳия ба номи чунин шахсияти бузург номгузорӣ карда шудааст. Тавре маълум аст аз 3 марти соли 2016 вобаста ба он, ки Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳри Балх таваллуд шудааст, мувофиқи мақсад шуморида, бо номи зодгоҳи ӯ, яъне Ҷалолиддини Балхӣ номгузорӣ карда шуд.

Ҳозирини гиромӣ, Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати 818 солагии зодрӯзи ин шахсияти барӯманд, устоди илму адаб, ирфону маърифат Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ самимона табрику таҳният гуфта, ба кулли сокинони ноҳияи азиз бахту саодат, рӯзгори хуш, нишоти зиндагӣ ва тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно менамоям. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи худ «Мероси Ҷалолиддини Балхӣ ва ҷаҳони муосир» хеле хуб ва бамаврид қайд кардааст: «Мавлоно дар Вахшонзамин таваллуд ёфта ва минбаъд дар Руму Шом таҳсили илм карда, дар тӯли ҳаёти пурмаҳсули маънавию иҷтимоияш бо намояндагони қавму миллат ва дину мазҳабҳои гуногун дар муносибати наздике буд.

Маҳз ҳамин пайвастагӣ бо қавмҳои гуногун Балхиро водор намуд, ки як таълимоти дархӯри ниёзҳои мардуми мухталиф ва умуман барои тамоми аҳли башар муносибро асос диҳад». Мавлоно дар ҷодаи назму наср аз худ мероси гаронбаҳое боқӣ гузоштааст, ки инҳо «Маснавии маънавӣ», «Девони Шамси Табрезӣ» ё «Девони кабир», «Фиҳӣ мо фиҳӣ», «Мактубот» ва «Маҷолиси сабъа» мебошанд, ки то кунун манзури аҳли башар гардидаанд. Ифтихор аст, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ тоҷик буд, бо тоҷикӣ навиштааст.

Тамоми форсзабонони дунё эътироф кардаанд, ки забони форсӣ-тоҷикӣ маҳз дар Тоҷикистон накҳати худро нигоҳ доштааст. Забони осораш забони форсӣ-тоҷикӣ, забони қалби инсонҳо буда, барои ҳамаи миллату халқиятҳо ошно мебошад. Ҳамин забондонии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мебошад, ки ӯ дар тамоми қаламрави Шарқу Ғарб ҳамчун яке аз бузургтарин шоирону мутафаккирон маҳбубият пайдо кардааст ва эҷодиёташро дар тамоми олам пиру ҷавон, марду зан сарфи назар аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ бо шавқу завқи беандоза мутолиа мекунанд ва аз он нерӯи маънавӣ мегиранд. Чӣ хеле, ки яке аз бузургтарин суханварони адабиёти форсу-тоҷик алома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ гуфтааст: Гарчӣ ҳиндӣ дар узубат шакар аст, Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст. Ҳамдиёрони азиз! Мардуми бофарҳангу ватандӯсти мамлакати мо имрӯз шукронаи Роҳбари бохираду саховатпеша, фарҳангдӯсту инсондӯст, сулҳи сартосарӣ ва ваҳдату ягонагии кишвари офтобиамон менамоянд. Бо шарофати Пешвои миллат мардуми тоҷик ва тоҷикистонӣ дар муттаҳидӣ ва ҳамдилӣ зиндагонӣ мекунанд. Чуноне шоир фармудааст: Эй басо ҳиндуву турке ҳамзабон, Эй басо ду турки чун бегонагон.

 Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст, Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст. Ҷалолиддини Балхӣ дар ашъори пурғановати худ мардуми оламро ба ваҳдат, сулҳу дӯстӣ, ҳамзистиву ҳамфикрӣ даъват намуда, дар байни миллатҳои гуногуни олам муҳаббату эҳтиром ва ҳамфикриву ҳамдилӣ эҷод менамояд. Дар осори ӯ аз умдатарин мавзӯъҳо то соддатарин масъалаҳои ҳаёти инсонӣ, аз қабили риояи одоби суханронӣ, эҳтироми калонсолон, устодон, саъю талош дар корҳо баён гардидаанд. Чӣ тавре, ки зикр гардид мардуми шарафманди ноҳияи моро бахту иқболи баланд насиб гаштааст, ки ноҳия номи ин шахсияти оламшумулро гирифтааст.

 Аз ин хотир барои пос доштани номи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба ҳар шахси накӯкор, шарафманд ва баору номус зарур аст, ки баҳри ободии диёр, осоиштагии ҳаёти мардум ва афзун намудани дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия кӯшишу ғайрати беандоза ба харҷ диҳад. Дар амалӣ гаштани ин ниятҳои нек ба ҳамаи шумо - ҳамдиёрони азиз саломатӣ, хушбахтӣ, хонаи обод ва барори кор таманно менамоям. Ҷашни фархунда муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 03 ноябрь 2025 10:22
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 7
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
30 сентябрь 2022
Асосӣ
Рӯзи гиромидошти Мавлоно

Рӯзи гиромидошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Санаи 30 сентябр Рӯзи гиромидошти

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Ноябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930