НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » КОРРУПСИЯ - ПАДИДАИ ХАТАРНОК ВА МАНЪИ РУШДИ ҶОМЕА
ноябрь 18 2025

КОРРУПСИЯ - ПАДИДАИ ХАТАРНОК ВА МАНЪИ РУШДИ ҶОМЕА

МИҲД н. Ҷ. Балхӣ Сегодня, 08:29 --- 0

                          КОРРУПСИЯ - ПАДИДАИ ХАТАРНОК ВА МАНЪИ РУШДИ ҶОМЕА

         Коррупсия аз замонҳои қадим то имрӯз ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддии иҷтимоӣ шинохта мешавад. Имрӯз, дар шароите ки ҷаҳон рӯ ба рушди босуръати иқтисодӣ ва технологӣ ниҳодааст, ин зуҳуроти номатлуб на танҳо кишварҳои рӯ ба тараққиро, балки давлатҳои пешрафтаро низ дар бар гирифтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид карда буданд: «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад».

Дар ҳақиқат, фасод яке аз монеаҳои асосии рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, ба адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳатто ба пояҳои давлатдорӣ зарба ворид мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бо он танҳо кори сохторҳои ҳукуматӣ нест, балки як ҳаракати дастаҷамъона бояд бошад, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандони одӣ низ дар он саҳмгузор бошанд. Имрӯз фасод дар қатори терроризм, ҷинояткории муташаккил ва дигар таҳдидҳои ҷаҳонӣ ба як мушкили глобалӣ табдил ёфтааст.

Он ба раванди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо таъсири манфӣ расонида, монеаи асосии рушди босуботи ҷомеа мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ мубориза бо ин падидаро ба сифати яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ пазируфтааст. Бо ташаббусҳои пайдарпайи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии зиддикоррупсионӣ таҳким ёфта, қадамҳои ҷиддӣ дар ин самт гузошта шудаанд. Қабули санадҳои меъёрӣ, таъсиси сохторҳои вижа ва татбиқи барномаҳои давлатӣ шаҳодати равшани он мебошанд.

 Ҳукумат пайваста таъкид мекунад, ки мубориза бар зидди фасод бояд ба таври фарогир роҳандозӣ гардад. Барои расидан ба ин ҳадаф: -мукаммалсозии қонунгузорӣ; -ташкили фазои оштинопазир нисбат ба фасод; -баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва молиявии шаҳрвандон; -истифодаи васеи пардохтҳои ғайринақдӣ, аз ҷумла тадбирҳои муҳими стратегӣ ба ҳама  пешрафти  манфиатовар ҳисоб мераванд. Худи Пешвои миллат ба маврид қайд кардаанд: «Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад».

Бар асоси барномаҳои давлатӣ, то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ бояд пурра ҷорӣ гарданд. Ин раванд шаффофиятро таъмин намуда, имкониятҳои фасодро низ ба ҳадди ақал мерасонад. Таҷриба нишон медиҳад, ки бе иштироки фаъолонаи мардум мубориза бо фасод натиҷаи устувор намедиҳад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд масъулияти шахсӣ эҳсос кунад: аз иҷрои дурусти қонун то худдорӣ аз амалҳои номатлуби рӯзмарра. Бо назардошти дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми мақомоти давлатӣ аст, ки фазои оштинопазирро нисбат ба фасод ташкил кунанд.

Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем барои ҷомеаи шаффоф, адолатпеша ва иқтисодии рушдёбанда замина гузорем. Хулоса, коррупсия душмани ошкори рушди миллӣ ва ҳаёти шоистаи шаҳрвандон аст. Мубориза бо он бояд доимӣ, фарогир ва бетаъхир бошад. Вақте давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандон бо ҳамгироӣ амал мекунанд, имконияти решакан кардани ин падидаи номатлуб зиёд мегардад. Бегов АСКАР, директори Бойгонии байниидоравии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 18 ноябрь 2025 08:29
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 0
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
22 сентябрь 2025
---
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ -

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ - ЗАМИНАИ РУШДИ УСТУВОРИ МИЛЛӢ

Маълумоти бештар
23 май 2024
Асосӣ / Маориф / Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ / Мақомоти иҷроия
МУҚОВИМАТ БО ФАСОД Ё ХУД

МУҚОВИМАТ БО ФАСОД Ё ХУД КОРРУПСИЯ - АМАЛИ ДАСТАҶАМЪОНА Рӯзи 20 майи соли равон дар толори хурди мақомоти иҷроияи

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
11 август 2025
---
ОДАМРАБОӢ - ТАҲДИДИ

ОДАМРАБОӢ - ТАҲДИДИ ХАТАРНОК БА ОЗОДИИ ИНСОН

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Ноябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930