НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ" - БА КОРҲОИ ИДЕОЛОГИЮ ТАРҒИБОТӢ ТАҲКИМ МЕБАХШЕМ
ноябрь 18 2025

УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ" - БА КОРҲОИ ИДЕОЛОГИЮ ТАРҒИБОТӢ ТАҲКИМ МЕБАХШЕМ

МИҲД н. Ҷ. Балхӣ Сегодня, 08:31 --- 0

         УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ" - БА КОРҲОИ ИДЕОЛОГИЮ ТАРҒИБОТӢ ТАҲКИМ МЕБАХШЕМ

      Музаффарияту муваффақият ва дастовардҳою рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии миллии даврони Тоҷикистони соҳибистиқлол бо меҳнати содиқонаи мардуми кишвар зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Барои таҳкими ин раванд ва дар руҳияи созандагию ободкорӣ муттаҳид намудани мардум, махсусан, иштирокдорони раванди таълим кормандони самти идеологӣ ва иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №15 ва №17 воқеъ дар деҳоти Маданият суҳбату вохӯриҳо доир намуд.

 Дар ин вохӯриҳо оид ба риояи қонунҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, дар руҳияи созандагию ободкорӣ ва хештаншиносию ватандӯстӣ, тарбия намудани насли наврас, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва амсоли инҳо суҳбатҳои судманд ва самимӣ ташкил карда шуд.

Шаҳло Шукурзода - муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъкид ба амал овард, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба зиндагии шоиста расидани тамоми аҳолии кишвар тадбирҳои муассир андешанда истодааст. Барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҳамасола музди меҳнати кормандони ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ, тамоми кормандони соҳаи иҷтимоӣ, донишҷӯён ва нафақахӯрон афзоиш дода мешавад.

Илова бар ин, дар доираи ободкориҳо сохта ба истифода додани роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва тармими иншоотҳои фарҳангӣ нишонаи рушди иқтисод ва саноату хоҷагии қишлоқ дар саросари кишвар аст, ки зери ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат роҳандозӣ мегарданд. Намояндагони соҳаи маориф ва тандурустӣ оид ба рушди соҳаҳои худ гузориш дода, тамоми муваффақиятҳоро натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.

Сифати баланди таҳсилот ва рушди ҷомеаи солим асоси гуфтори онҳо буд. Собиқадорони меҳнат сидқан иброз намуданд, ки чунин тадбирҳо, яъне суҳбатҳои рӯ ба рӯи намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо аҳолӣ нишони эътимоди мардум ба давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақвият мебахшанд. Ҳамзамон, гунаи чунин тадбирҳо руҳияи мардумро дар самти созандагиҳо қавӣ гардонида, ҷавононро ба роҳи ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ ҳидоят мебахшанд.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 18 ноябрь 2025 08:31
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 0
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
05 май 2025
---
ҲАР КӢ БАР ДУШМАНИИ ХАЛҚ

ҲАР КӢ БАР ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ ЧУ БАҲР, ЗУД БОШАД, КИ САРИ ХЕШ ЧУ ГИРДОБ ХӮРАД!

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ ! Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Ноябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930