http://balkhi.tj/
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
29-04-2021, 13:01 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

       Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қурбонзода Манучер бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир ба фаҳмонидани меъёрҳои ҳуқуқии Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд доир гардид.

      Инчунин қайд гардид, ки коррупсия яке аз масъалаҳои доғи рӯзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳони муосир, аз он ҷумла Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз рӯзи аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан Президенти мамлакат барои паст намудани чунин падидаи номатлуб ва мубориза бо коррупсия мубориза беамони худро бурда истода ва нисбати ин масоил диққати махсуси худро доданд.

       Дар охир роҳбарони ташкилотҳо аз нозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, саволу ҷавоб намуда ва ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
скачать dle 12.1
Просмотров: 10  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.