http://balkhi.tj/
ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МАДАНИЯТИ АНДОЗСУПОРӢ-БАҲОИ БОФАРҲАНГИИ ҶОМЕА»
20-05-2021, 12:38 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

      Озмуни ҷумҳуриявии «Маданияти андозсупорӣ-баҳои бофарҳангии ҷомеа» ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори шуъбаи маорифи ноҳия гузаронида шуд.

     Дар ин чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Раҳмонзода Ҷаҳоншоҳ, сардори раёсати молия Файзуллозода Расул, намояндагони мақомоти андоз Ҷумаева Гулмира, Қурбонов Маҳмадрасул ва инчунин сармутахасиси шуъбаи ҷавонон ва варзиши ноҳия Фирузаи Турахон иштирок намуданд.

     Намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия Маҳмадалиев Умаралӣ баромад намуда, меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ намуд.

      Қайд карда шуд, ки бо мақсади тарғиби қонунгузории андоз бо фармоиши раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.02.21, №100 барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ озмун аз рӯи номинатсияи «Андоз аз нигоҳи наврасон» ва барои донишҷӯёни коллеҷу муассисаҳои миёна ва олии касбӣ аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин донандаи кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» озмун эълон карда шудааст.

    Донишҷуёни коллеҷи энеркетикӣ ва хонадагони муассиҳои таҳсилоти умумӣ дар расмҳои кашидаи худ фаҳмиши худашонро нисбат ба андоз ва андозбандӣ, мавзӯи сарчашмаҳои андоз, мафҳуми андоз, андоз-пояи давлат, хароҷоти андозҳои ба буҷет воридшуда, самтҳои хароҷот ва дигар мафҳумҳоро инъикос ва маънидод намуданд. 

    Дар охир ҳайати ҳакамон расмҳои иштирокдоронро аз назар гузаронида ғолибонро муайн намуданд. Ғолибони озмун бо туҳфаҳо ва сипосномаҳо сарфароз гардиданд.

скачать dle 12.1
Просмотров: 41  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.