http://balkhi.tj/
ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»
25-05-2021, 12:49 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

      Озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таъмини ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон гузаронида шуд.

     Озмун аз рӯи се номинатсия баргузор гардид, ки дар он хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарии назди бахшҳои фарҳанги ноҳия иштирок намуданд, ки 22 нафар довталабон, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

    Ба иштирокчиёни озмун   диплом ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуд.

скачать dle 12.1
Просмотров: 40  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.