Дар Шўро муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ муовини сартабиби беморхона Давлатмурод Назаров, мудирони шуъбаҳо, сардухтурони беморхонаҳои деҳотӣ, маҳаллаҳо, директорони марказӣ оид ба саломатии деҳотӣ ва директорони маркази махсусгардонидашудаи ноҳия иштирок доштанд.
Аз рўи масъалаи рўзномаи Шўро муовини сартабиби беморхонаи марказии ноҳия Давлатмурод Назаров аз рафти иљрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 16 ноябри соли 2021,№356, қарори раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 3 декабри соли 2021 №1375 «Дар бораи саломатӣ ва ғизо дар давраи то солї 2027» баромад намуд.
Аз рўи масъалаи рўзномаи Шўро директори Маркази байни ноҳиявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО дар нохияи Ҷалолиддини Балхӣ Ҷонибек Шарипов, директори маркази бемориҳои сил Қадриддин Пиров ва дирктори мубориза барзиди бемориҳои тропикии ноҳия Ҳошим Алимуродов оид ба рафтӣ иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 феврали соли 2019, №252 «Дар бораи Шўрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масунияти одам, сил ва вараҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баромад намуданд.
Ҳамзамон аз рўи масъалаи рўзномаи Шўрои ҳамоҳангсозӣ Рустам Набиев доир ба мубориза ва пешгирии сўистеъмоли маводи Нашъадор баромад намуданд.
Сипас, муовини раиси ноҳия - раиси Шўро Қурбонзода ҚурбоналӢ оид ба фаъолияти соҳаи тандурустӣ, шуъбаҳо, беморхонаҳои деҳотӣ, марказҳои саломатии деҳотӣ, марказҳои махсусгардонидашуда баромад намуда, аз роҳбарони барномаҳои миллӣ оид ба соҳаи тандурустӣ пурсиш ба миён оварда, баҳри боз хам беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба мардум ва вобаста ба бақайдгирию ҳуҷҷатгузории беморон, таклифу пешниҳодҳо намуд.