http://balkhi.tj/
МАКТАБИ ТАҶРИБАИ ВАТАНСОЗИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАКТАБИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРИСТ
26-05-2021, 12:52 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

    Ҳар шахсе, ки нангу номус дорад, худро соҳиби ватан ва фарзанди миллат мешуморад, бояд бо сохтани иморате, бунёди корхонае, кушодани роҳе, обод кардани маконе, ҳатто шинонидани дарахте аз худ нақше боқӣ гузорад.

Эмомалӣ Раҳмон

    Истиқлолият дар таърихи давлатдории тоҷикон бузургтарин сарвати миллӣ аст. Арҷгузорӣ ба дастовардҳои ин неъмати бебаҳо ва ҳифзу нигоҳдошти он аз ҳар як фарди соҳибватану андешаманд азми бузурги ватансозӣ ва иродаи матину руҳи шикастнопазирро тақозо мекунад. Дар роҳи расидан ба ин рисолати бузурги инсонсолорӣ мактаби таҷрибаи ватансозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон намунаи олии ибрати ватансозист.

     Воқеан, хар рӯзе, ки сипарӣ мешавад, моро ба санаи ифтихории 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик месозад. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни умумимиллӣ дар саросари ватани азизамон корҳои бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза дошта, иншооти зиёди таъиноти гуногун сохта мавриди истифода қарор дода мешаванд. 

     Ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ аз марҳилаи пешрафт ва таҳаввулоте, ки дар саросари мамлакат ба вуқӯъ мепайванданд, дар канор набуда, ҷиҳати рушд бахшидан ба самти иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия аз тамоми сарчашмаҳо босамар истифода менамояд. Ба ифтихори ин ҷашни арзанда дар ноҳия 315 иншооти таъиноти гуногун ба накша гирифта шуда, 84%-и онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. 

     Марҳилаи рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар меҳвари фаъолияти Роҳбарияти Олии мамлакат қарор дошта, таъмини шароити арзандаи зиндагии мардум аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар арзёбӣ мешавад. Ин ҳадафи ояндасоз зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат таҳлилу баррасии амиқ касб намуда, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон далели равшани ояндаи дурахшон ва соҳибсаодат доштани фарзандони миллати шарафманди тоҷикро бозгӯӣ хоҳад кард. 

     Дар ин замина соли равон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 16 иншоот мавриди истифода қарор дода шуд, ки имкониятҳои нави истеҳсолӣ, афзоиши маҳсулоти рақобатпазир, шароитҳои арзандаи фароғату хизматрасониро ба сокинони ноҳия таъмин намуд. 

      Пешвои муаззами миллат дар ифтитоҳи якчанд иншоот, аз ҷумла Маҷмааи тиҷоратии “Наврӯз”, ки бо саҳми оилаи Абдуллозодаҳо бунёд гардида, дар он 200 нафар занону ҷавондухтарон бо ҷойи кор таъмин гардиданд, иштирок намуданд. Суҳбату мулоқоти самимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳтироми оила ва дар муҳити солим ба воя расонидани фарзандони баркамол ба занону бонувони деҳот рӯҳияи баланд бахшид. Имрӯз онҳо на танҳо бо ифодаи нақши зан ва модари босавод дар таълиму тарбияи фарзандон нақш мегузоранд, балки бо дили гарм дар ҷойи кори доимӣ ба истеҳсоли маҳсулоти гуногун, аз ҷумла рахти хоб, либосҳои корӣ барои корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ машғуланд. 

       Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати ҳифзи сиҳатии аҳолӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ диққати махсус зоҳир карда мешавад. Бо мақсади истифодаи сокинони ноҳия аз шароити муосири хизматрасонии тиббӣ дар ҷамоати деҳоти Навобод Маркази ташхисию табобатии “Исмоил” бо иштироки Пешвои миллат ба истифода дода шуд, ки аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғолибҷон Холов” бунёд гардидааст. Дар шароити кунунӣ фаъолияти корхонаҳои хусусии тиббӣ, ки дар шакли алтернативӣ бо муассисаҳои давлатӣ ба мардум хизмат мерасонанд, омили беҳтар гардидани фазои хизматрасонии тиббӣ хоҳанд шуд. Пешниҳоди истифодаи гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва дар ҳамин марказ ба фаъолият оғоз кардани Корхонаи истеҳсоли докаҳои тиббӣ, ки ба таъмини ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунанд, аз масъалаҳое, мебошанд, ки дар меҳвари фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, имрӯз сокинони деҳот низ аз беҳтарин шароити муосири хизматрасонии тиббӣ бархурдоранд. 

      Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навобод бо иштироки Пешвои муаззами миллат ба истифода додани майдончаи болопӯшидаи варзишӣ туҳфаи арзанда барои ҷавонону наврасон арзёбӣ мешавад. Имрӯз ҷавонони ҳушманду соҳибсаодати ҳудуди ҷамоат бо истифода аз шароитҳои беҳтари машқу тамрин дар тамоми мусобиқаҳои сатҳи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ ширкат намуда, нисбат ба 3 моҳи соли 2020 14 медал зиёд ба даст овардаанд, ки рушди деҳотро бо чунин шароитҳои муосир барои насли наврас натиҷаи сиёсати бобарору муваффақи Пешвои ҷавонпарвари худ арзёбӣ менамоянд. 

      Ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо сохта ва ба истифода додани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ муваффақ аст. Ҳар сайёҳе, ки ба ноҳия ворид мешавад, аз мавзеъҳои хушбоду ҳавои Қалъаи Лағмон ва Қалъаи Ҳалевард боздид ба амал меоранд, ки таърихи қадима доштани ин гӯшаи зебои мавзеи Вахшонзаминро бозгӯ аст. Дар маркази ноҳия фаъолияти Меҳмонхонаи “Балх” низ бозгӯи дастгирии дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти Олии мамлакат аз ҷониби соҳибкорони соҳибзавқи ноҳия аст. Ба истифода додани Маркази хизматрасонию сайёҳии “Замира”, ки бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Нурулло Ҳакимзода бунёд гардидааст, аз раванди татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ башорат медиҳад. Маркази хизматрасонии “Замира” дар шафати роҳи байналмилалӣ ҷойгир шуда, ба сайёҳон хизмат расонида, ба симои меъмории ҷамоати деҳот низ зебогии амиқ додааст. Хизматрасонии сатҳи баланд ба меҳмонон, ташкили гӯшаҳои сайёҳӣ ва фурӯши армуғонҳои миллӣ, парвариш ва фурӯши гулҳои рангоранги ватанӣ диққати сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб карда, аз татбиқи ҳадафмандонаи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат башорат медиҳад. 

     Ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун ноҳияи кишоварзӣ дар таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат-амнияти озуқавории кишвар саҳми муайян дорад. Ҳамасола нақшаҳои истеҳсолии зироатҳои хоҷагии қишлоқ бамаротиб таъмин ва сатҳи некуаҳволии мардум беҳтар мешаванд. Аксари мардуми деҳот имрӯз дар заминҳои корам пайи кишту парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул буда, бозори дохилӣ ва берун аз онро бо маҳсулоти худӣ таъмин менамоянд. Кишоварзони ноҳия солҳои охир ба бунёди гармхонаҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти барвақтӣ заминҳои кишварзиро истифода намуданд, ки имрӯз натиҷаи хуб ба бор овард. Зимни сафари кории Пешвои миллат ба ноҳия аз фаъолияти гармхонаи навтаъсиси хоҷагии ба номи Сафар Ҷумаев дидан карда, ба кори кишоварзон баҳои баланд доданд. Суҳбати самимӣ бо занону бонувони ҷамоати деҳоти Узун дар саҳро, ки барои кишоварзон хӯрокҳои миллӣ омода мекарданд, хеле хотирмон буд. Дар сари суфра ва танӯри нони гарм омода кардани хӯриши миллии “Тезаков” миёни занони деҳот хеле маъмул аст. Ҳидоят ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат ба занону бонувон дар самти омода кардани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақил, муаррифии хӯрокҳои миллии тоҷикӣ ва роиҷ додани он аз насл ба насл то имрӯз зимни баргузории суҳбату мулоқот бо сокинони ноҳия тавсеа бахшида мешавад. 

     Таъмини ҳадафи чоруми миллӣ - Саноатикунонии босуръати мамлакат аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад. Айни замон дар ноҳия 26 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, истеҳсоли маҳсулоти соҳа бамаротиб таъмин мешавад. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Пешвои миллат дар ноҳия Корхонаи сементбарории ҶДММ “Моҳир-семент” мавриди истифода қарор дода шуд. Иқтидори солонаи истеҳсолии корхона 600 ҳазор тонна сементи хушсифат буда, содироти он ба кишварҳои ҳамсоя ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар корхона зиёда аз 120 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд, ки аксари кормандон сокинони ноҳия буда, бо маоши хуб таъминанд. 

       Рушди соҳаи маориф аз самтҳои муҳиму афзалиятнок дар соҳаи иҷтимоии давлат аст, ки дар ин замина дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар баробари таваҷҷуҳ ба масъалаҳои рушди бахши хусусӣ ба соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла сохтмони мактабу кӯдакистонҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Дар доираи барномаҳои давлатӣ дар ноҳия бо иштироки Пешвои маҳбуби кишвар Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Санавбар” ба фаъолият оғоз намуд. Кӯдакистон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шуда, 32 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гардиданд. Ин муассиса барои таълиму тарбияи 200 нафар кӯдакон пешбинӣ шуда, ҷиҳати фарогирии кӯдакон ба тарбияи томактабӣ мусоидат мекунад. Ин аввалин кӯдакистони хусусӣ дар миқёси ноҳия ба шумор меравад, ки кӯдакони то синни мактабиро дар 8 гурӯҳ бо чор забон ба таълиму тарбия фаро гирифтааст.  

     Бо истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохтани биноҳои маъмурӣ ва наву замонавӣ имрӯз симои меъмории ноҳияро мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ зебо гардонидааст. Вобаста ба ин, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Чойхона ва тарабхонаи миллии “Шамсулло”, ки бо иштироки Пешвои ваҳдатовари миллат ба истифода дода шуд, собит ба ин аст. Ин бинои хуштарҳу зебо бо намои хоси миллӣ бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Кароматулло Абдуллозода бунёд шуда, 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар ошёнаи аввали он дастранҷи ҳунари волои занону бонувон ҳамчун рамзи ифтихор аз санъату ҳунари миллии аҷдодӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар асоси ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат ба маърази тамошо гузошта шуд. Бонувони ҳунарманди ноҳия бо эҳсоси ифтихор аз анъанаҳои миллӣ собит намуданд, ки ҳунарҳои қадимии миллиро ҳамеша пос медоранд ва онро аз насл ба насл меомӯзонанд. Имрӯз низ дар ноҳия ҳунарҳои чакандӯзӣ, попурдӯзӣ, гилембофӣ, зардузӣ, кандакорӣ дар чӯб ва дигар ҳунарҳои асили аҷдодӣ маъруфият доранд. Дар бозори марказии ноҳия маҳсули дасти ҳунарҳои мардумӣ дар растаи ҳунармандон ба фурӯш гузошта шуда, аз ин ҳисоб даромади хуб низ ба даст меоранд. Ин макони зебову дилрабо айни замон ҷойи баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангӣ ва гулгашти шукуфову дӯстдоштании ҷавонон аст, ки намои зоҳирии ноҳияро ҳусни зебо зам намудааст. 

      Дар ин баробар, имрӯз дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ба масъалаи бунёди роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта, ободониву сабзгардонӣ, шинонидани дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз, бунёди гулгашту хиёбонҳо таваҷҷуҳи махсус дода мешавад, Ҳамин аст, ки ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар озмуни ҷумҳуриявии гулҳо”Сайри гули лола” миёни ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷойи 3-юм ва дар сатҳи ҷумҳурӣ низ аз ҳисоби ноҳияҳои беҳтарин ҷойи 3-юмро сазовор гардид. Ин туҳфаи аҳли заҳмат ва сокинони ноҳия ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёди иморате, таъсиси корхонае, бунёди роҳе соҳибватани асил будани худро собит менамоянд.Корҳои ободониро аз даромадгоҳи хуштарҳу зебои ноҳия, ки бо саҳми намояндаи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин Салом азнавсозӣ шуда, гулгашти зебое бунёд гардид, метавон баҳои воқеӣ дод. Дар ҳамин замина бинои алоҳидаи таълимӣ ва дорои тамоми шароити илмомӯзӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38, ки бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Абдураҳмон Саъдуллоев сохта шуд, ба хонандагон ҳамчун туҳфаи арзишманд аз номи Пешвои муаззами миллат тақдим карда шуд. Яъне ҳар як соҳибватан имрӯз пайи обод кардани як гӯшаи зебои сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон дар пеш ҳадафи бунёдкорӣ дорад. Сокинони сарбаланди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тамоми пешрафт ва рушду камоли ноҳияро натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ менамоянд. 

     Амалӣ гардидани ташаббусҳои бунёдкорона идома дошта, сокинони сарбаланди ноҳия ва соҳибкорони соҳибватан бо истифода аз рисолати бузурги ватансозию ватандорӣ ва мактаби таҷрибаи давлатдории Пешвои маҳбубу ободкори худ ба истиқболи ин ҷашни ифтихорӣ омодагии худро изҳор менамоянд.  

Абдусаломзода Анзурат, 

муовини раиси ноҳия, вакили Маҷлиси 

вакилони халқи вилояти Хатлон

скачать dle 12.1
Просмотров: 47  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.