Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани таҳсили хонандагон ва бо синфхонаҳои гарм таъмин намудани онҳо дар фасли зимистон, аз аввали фасли тирамоҳ муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои давраи зимистонгузаронӣ омодагӣ мебинанд.
Мавриди зикр аст, ки айни ҳол муассисаҳои таълимӣ бо ангишт, ҳезум, сўзишвории дизелӣ, печҳои алобию барқӣ ва дигар таҷҳизоти гармидиҳӣ таъмин буда, барои гарм нигоҳ доштани синфхонаҳо дар як рўз 3 маротиба дар печҳо алоб карда мешавад.
Тибқи иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳия Умед Шомирзоев мувофиқи нақшаи тасдиқгардида аз сметаи хароҷотҳои муассисаҳои таълимӣ барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, барои 834 тонна ангишт, 834 метри кубӣ ҳезум ва 6370 литр маводи сўзишворӣ маблағ ҷудо карда шудааст.
Санаи 19 декабри соли равон мо аз муассисањои таълимии №№4,8 ва 9-и ноњия дидан намудем, ки дар ҳақиқат хонандагон дар синфхонаҳои гарму барҳаво машғули дарсхонӣ буданд.
Мариди зикр аст, ки дар таъмини маводи сўзишворӣ кумитаи падару модарон низ саҳмгузор буда, пайваста барои дар сатҳи зарурӣ аз худ намудани дониши фарзандон талош меварзанд.
Бо мақсади сари вақт ва бо ангишти аълосифат дастрасӣ пайдо намудан миёни директорони муассисаҳои таълимии ноҳия ва соҳибкори инфиродӣ Раҳимов А., шартнома баста шудааст. Айни замон аз тарафи соҳибкори инфиродии мазкур ба муасссисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва муассисаҳои таълимии ноҳия миқдори 922400 тонна ангиштсанг ворид гардидааст, ки иҷрои нақша 110,5%-ро ташкил медиҳад. Маводи сўзишвории дизелӣ бошад, ба миқдори 10476 литр таъмин гардида, иҷроишаш 164,5% мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар фасли зимистони имсола захираи сўзишворӣ ба талабот ҷавобгў омода карда шудааст.