http://balkhi.tj/
ЧУН ШИНОВАР НЕСТӢ, ПОЙ БАР ЛАБИ ДАРЁ НАМОН!
11-06-2021, 06:05 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

     Бо фаро расидани фасли гармо дар каналу дарёҳо шумораи зиёди наврасону калонсолонро машғули оббозӣ мебинем. Зиёданд касоне, ки шиновариро ҳамчун як навъи варзиш дӯст медоранду аз қоидаҳои он бохабаранд ва барои шиноварӣ ҷойҳои бехатарро интихоб менамоянд. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксарият қоидаҳои одитарини шиновариро намедонанд. 

     Коршиносон сабаби асосии ғарқшавии одамонро номувофиқ будани ҷойи шиноварӣ ва аз қоидаҳои он бехабар будани ғарқшудагон арзёбӣ менамоянд.

      Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои пешгирӣ намудани ин ҳодисаҳои фалокатбор чораҳои зиёд меандешанд. Дар якҷоягӣ бо кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ШВКД, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар сохторҳои давлатӣ бо сокинон вохӯриҳо доир намуда, онҳоро барои риоя намудани қоидаҳои бехатарӣ ва беназорат намондани фарзандони худ таъкид менамоянд. Ноҳияи мо асосан макони каналу дарёчаҳои тезҷараён аст ва андак бепарвоӣ оқибатҳои хеле ногуворро ба бор меорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди ҳодисаҳои ғарқшавӣ айнан дар ҷойҳое сурат гирифтаанд, ки дар он ҷойҳо оббозӣ кардан манъ карда шудааст ва мутаассифона синну соли ғарқшудагон ҳанӯз аз 18 – сола поён буда, аз бепарвоиву беандешагии худ ба коми дарёҳо рафтаанд. 

        Барои пешгирӣ намудан аз ин ҳодисаҳои нохуш аҳли ҷомеа, бахусус волидонро мебояд, бештар масъулият ҳис карда, он уҳдадориҳояшонро, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дарҷ гардидаанд, иҷро намоянд. Хуб мебуд, агар ба фарзандони худ аз хурдӣ шиноварӣ карданро омӯхта, қоидаҳои бехатарии онро мефаҳмонданд. Бо ин роҳ мо метавонем, фарзандони худро аз ин гуна ҳодисаи нохуш эмин нигаҳ дорем.

Сайраҳмонзодда Аҳмад,

сардори Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 

ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳия

скачать dle 12.1
Просмотров: 15  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.