МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

 
» » Муқовимат бо терроризм ва экстремизм ҳамчун кирдори зиддӣ ҳуқуқӣ.

Муқовимат бо терроризм ва экстремизм ҳамчун кирдори зиддӣ ҳуқуқӣ.

Муқовимат бо терроризм ва экстремизм ҳамчун кирдори зиддӣ ҳуқуқӣ.

  Имрӯз терроризм ва эксатремизм аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони аз ҷумла давлатҳои пасошуравӣ ҳамчун кирдорӣ зиддӣ ҳуқуқӣ ва падидаи номатлуби ҷаҳонӣ шинохта шудааст.

  Он ба як доираи васеи гуруҳои террористиву экстремисти табдил ёфта, мақсади асосиашон қатлу куштор ва ғорат кардани инсон мебошад. Чунки онҳо на давлат ватан миллат, надоранд танҳо ба хотири манфиате меҷанганд. Онҳо ҷавононро гумроҳ намуда ба доми худ афтонда бо ҳар ақидаҳои тундгарона ва равияҳои террористиву экстремистии худ, онҳоро бовар кунонида, истифода мебаранд. Чуноне аз расонаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ба ҳамаи мо маълум аст, ба ғайр аз қатлу куштор ва ғорат кардани инсонҳо, онҳо дигар мақсад надоранд. Дар ҳамин раванд бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои инсон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони ва созмонҳои байналмилали ба мисли созмон оид ба Ҳимояи ҳуқуқи инсон, Созмони милали муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкори дар аврупо ва дигар созмонҳо, терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср шинохта шуда, бар зидди он муборизаи бе амон бурда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пуштибони ва ташабусҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалии Раҳмон дар роҳи мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ пайваста чораҳои зарури андешида мешавад. Дар ҳамин замина ба хотири арзиши олӣ эътироф гаштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, дар санадҳои ҳуқуқӣ байналмилалӣ, аз ҷониби давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳони ва созмонҳои бузурги байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, дар роҳи таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо як қатор барнома ва стратегияҳои миллӣ қабул гардида, мавриди амал оид ба муқовимат бар муқобили терроризму ифротгароӣ қарор дорад. Ин Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат ба терроризм ва экстремизм, барои солҳои 2016-2020 мебошад, ки мақсад вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат бо терроризм ва экстремизм муайян менамояд. Чунки имрӯз ҳар як сокини ватандусти ҷомеаи ҷаҳонӣ дуруст дарк намудааст, ки танҳо сулҳу ороми ва ваҳдати миллӣ дар кишвар метавонад, ба дастовардҳои бузург ноил гардад. Ҳеҷ як кишвари дар вартаи ҷанг қарор дошта аз ҷониби гуруҳои террористиву экстремисти то имрӯз натавонистааст, ба комёбиҳо даст ёбад. Чуноне дар боло ёдрас шудем, созмонҳои хусусияти тундгароёна дошта, фаъолияташонро вобаста ба паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаю адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа ва ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон ва содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистиро пурзур намуда, мехоҳанд сохти ҷамъиятӣ, сиёсии кишварҳоро бо роҳи зуроварӣ таъғир диҳанд. Бинобар ин ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки дар роҳи ҳифзу арзишҳои миллӣ ва таҳкими истиқлолият, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, дар канор набуда, ҳушёри ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Аз ҳама он шароит ва имкониятҳои давлатӣ васеъ истифода бурда дар роҳи ҳадафҳо ва барномаҳои миллӣ такмил додани заминаҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии паҳншавии ғояҳои тундгарона ва ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон, саҳмгузор бошанд.

Ҳуқуқшиноси калони Бюрои давлатии

ҳуқуқӣ ноҳия   Имадов Шамсиддин.  

dle
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Комментарии:

Оставить комментарий
 

xx
xx
xx.
xx