ГУСЕЛИ НАФАҚАХӮРОН БО ИЗЗАТУ ЭҲТИРОМ

   Санаи 17 апрели соли 2023 дар маҷлиси назди роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияХолиқов Усмон - мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои хизматҳои бисёрсола ва бинобар сабаби ба синни 63-солагӣ расиданаш аз ҷониби аҳли ҳамкорон тибқи анъанаҳои миллӣ бо иззату эҳтиром ба нафақа гусел карда шуда, ба ӯ саломатӣ ва даврони неки пирӣ таманно карда шуд. Холиқов Усмон собиқаи кории 42-сола дошта, дар соҳаҳои маориф, соҳибкорӣ ва хизмати давлатӣ фаъолият намуда, аз моҳи майи соли 2015 то 10 апрели соли 2023 дар мансаби мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия кор кардааст. 

 

                          Хизмат ба Ватан ин қарзи ҳар як инсони бонанг аст.

    Зистан дар фазои сулҳу оромӣ шараф аст барои ҳар якинсони ватандору ватанпарвар. Ватанпарасти яке аз рукнҳои муқаддас буда, арзиши муҳими худро дорад. Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, боғча ва баъдан аз муассисаи таълимӣ оғоз меёбад. Мо бояд кӯшиш намоем, ки дар дили фарзандонамон ҳисси ватандорӣ, расидан ба қадри сулҳу оромӣ, арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ҳимояи таърихи боӣи аз  гузаштагони  худро парвариш намоем. Агар мо назар афканем ба ҳамон нафароне, ки сарбаландона баргаштаанд аз хизмати Ватан ва ба он нафароне, ки хизмати хешро ба ҷо наовардаанд, албатта куллан фарқ доранд. Нафароне, ки хизмати Ватанро ба ҷо овардаанд муносибат муомила ва назари онҳо тағир ёфта дар зиндагӣ метавон гуфт, ки ин гуна ҷавонон ботаҳаммул буда, ҳамчун як масъул дар оила роҳи ҳаллӣ  мушкилотҳои пешомадаро метавон ёфт.     

 ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ     ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР СЕМОҲАИ СОЛИ 2023

         Имрӯз 13 апрели соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлис оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимову иқтисодии ноҳия дар семоҳаи соли 2023 баргузор гардид. Дар маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Холов Гулмаҳмад, ҳамчунин муовини якум, роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ иштирок намуданд. 

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

                                                                                                                         18 марти соли 2023

1.     . Сармутахассиси раёсати кишоварзии маќомоти ироияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой;

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои агрономӣ бартарӣ дода мешавад);

 -донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансабии мутахассисро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 1291,40 сомон (тибқи ҷадвали ягонаи тарифӣ)

                                     ОЗМУНИ «РӮЗҒОРДОРӢ»

 Бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақил, баланд бардоштани донишу малакаи касбомӯзӣ, ҳидояти ҷавондухтарон ба рӯзғордорӣ ва ба хотири ба расму оинҳои миллӣ, мероси ниёгон ва анъанаҳои миллии мардуми тоҷик таъсис дода шуд. Ба ин хотир рӯзи 5 апрели соли равон дар Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҳфили «Рӯзғордорӣ» бо ҳайати ҳакамон мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Ализода Майнисо, сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ҷавоҳир Риоева, мушовири шуъбаи маориф Гулхоним Нурмаҳмадова, корманди бахши фарҳанг Ҳусноро Назарова, директори Коллеҷи энергетикӣ Раҷабов Ҷурахон ва инчунин омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.  Донишҷӯдухтарони Коллеҷи энергетикӣ шартҳои маҳфилро дар сатҳи баланд иҷро намуданд. 1.Оростани дастархони тоҷикӣ бо пешниҳоди таъомҳои миллии қадима ва муосир 2. Намоиши тайёр намудани як таъоми миллӣ бо муаррифии он 3. Маҳорати пӯхтани нон ва маҳсулотҳои нонӣ 4. Маҳорати қабули меҳмон дар хона 5. Саволу ҷавоб оид ба масъулияти оиладорӣ ва рӯзғордорӣ Дар озмуни ноҳиявии «Рӯзғордорӣ» мутахассисони соҳа ба ҳунарҳои кадбонугӣ баҳогузорӣ намуда ва беҳтаринҳо ба даври дуюми озмун даври вилоятӣ роҳ ёфтанд. Бахши кор бо занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

    ДАЪВАТИ НАВАСКАРОН БА ХИЗМАТИ ВАТАН-МОДАР

   Мусаллам аст, ки бузургии ҳар як давлат аз ҳастии артиши он вобастагии амиқ дорад, зеро вазифаи ҳар як сарбоз посбонӣ намудани марзи кишвари худ мебошад. Ба ин хотир имрӯз 1 апрели соли 2023 дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва волидони даъватшудагон чорабинии идона бахшида ба оғози даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон суханронӣ намуда, даъватшудагонро ба рӯзи аввали хизмати Ватан-Модар табрик карданд. Қайд гардид, ки нақши ҳомиёни Ватан дар таъмини амнияту осудагии мардуми ҷумҳурӣ хеле бузург мебошад.

ИТТИЛОИЯ ДАР БОРАИ ИҶЛОСИЯИ ШОНЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ, ДАЪВАТИ ШАШУМ Санаи 30 марти соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, даъвати шашум таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон бо иштироки намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини раиси вилоят муҳтарам Файзуллозода Заробиддин, муовини якум, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардид

 КУРСИ САЙЁР ОИД БА ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ      

     Аз 29 то 31 марти соли 2023 дар китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, номзади илмҳои педагогӣ дотсент Ғанизода Ибодат Ғанӣ ва ҳайати устодони донишкада курси сайёри такмили ихтисос барои муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон оид ба соҳаи иҷтимоӣ аз рӯи барномаи «Шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Нақши мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар пешгирии терроризм ва экстремизм» баргузор гардида истодааст. Парвина АҶИКОВА, "Навиди Балх" 

 

 

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

   Санаи 22 марти соли 2023 дар Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Икромӣ Сироҷиддин Салом, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Холов Гулмаҳмад, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ноҳия Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳи хос таҷлил карда шуд. Дар ҷашнвораи наврӯзӣ сокинон ва ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия фаъолона иштирок намуда, номгӯи ҳунарҳои мардумии хешро, ки маҳсули меҳнату заҳмати онҳо мебошад, ба марази тамошо гузошта буданд.

   ИҚДОМИ НЕК ДАР АРАФАИ ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ      

  Санаи 21 марти соли 2023 дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз ба Дидбонгоҳи сарҳадии Калъаи Файзободи Қисми ҳарбии 0306 РҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маводҳои хӯрока кӯмак расонида, ба сарбозони дидбонгоҳи мазкур дастархони идона ороста шуд.

 

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Март 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031