САЙРИ КИТОБ - ИҚДОМИ ФАРҲАНГӢ
18 марти соли 2025, дар доираи эълон гардидани "Соли фарҳанги китобхонӣ" дар Боғи фарҳангу фароғати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии фарҳангии "Сайри китоб" баргузор гардид.
ТАШРИФИ КОРМАНДОНИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ БА КИТОБХОНАИ НОҲИЯ
Имрӯз, кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Китобхонаи марказии ноҳия ташриф оварданд, то бо ганҷинаи илму дониш шинос шуда, мутолиаи китобҳоро густариш диҳанд. Ин ташаббус бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи маърифатӣ ва касбии кормандони соҳаи тиб роҳандозӣ гардид.
ОМӮЗИШИ ҲУНАР - РОҲИ МУВАФФАҚИЯТ ВА КОМЁБӢ
Ҳунар яке аз сармояҳои бебаҳои инсон аст, ки онро бо ҳеҷ гуна дороӣ, сарват ё симу зар иваз кардан ё харидан мумкин нест. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ ва соҳибэҳтиром мегардонад. Одаме, ки ҳунар дорад, метавонад дар ҳама ҳолат барои худ роҳи дурусти зиндагиро интихоб кунад ва мустақилона рӯзгори худро пеш барад.
ФЕСТИВАЛИ "САД РАНГИ ЧАКАН" ВА ДАСТПУХТИ КАДБОНУВОН
Тибқи нақшаи чора биниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рӯзи 1 марти соли равон дар Хона-мӯзейи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовинони раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ ва Шукурзода Шаҳло, бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ фестивали “Сад ранги чакан” ва озмуни “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гардид.
Ковишҳои бостоншиносӣ дар Қалъаи «Ҳалевард»
Кофир Қалъа - «Ҳалевард» дар асрҳои 1-3 сохта шуда то асри 8 мавқеият доштааст. Таърихшиносон бар он назаранд, ки дар асрҳои миёна ин Қалъа маркази маъмурии минтақаи Вахш ба шумор мерафт ва дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номҳои Ҳалевард, Ҳеловард, Ҳалавард ва Ҳаловард ёд гардидааст. Яъне, Ҳале – бузург ва вард-шаҳр маънои Бузургшаҳрро дорад.
ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА - КИРДОРИ ЗИДДИҲУҚУҚӢ
Оила яке аз рукнҳои муқаддас ва муҳими ҷомеа ба ҳисоб рафта, муносибаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва шаҳрвандиро дар бар мегирад. Дар ин замина, санаи 26 июли соли 2024 дар толори китобхонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, ахборотчии ташкилоти ҷамъиятии «Оксана» Саодат Аллаёрова ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо мизи мудаввар оид ба мавзӯи «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» доир гардид. Дар оғоз муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ қайд намуд, ки зӯроварӣ дар оила ин кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила нисбат ба дигар узви оила буда, ба шакли ҷисмонӣ инъикос меёбад.
ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС
Санаи 24 июли соли 2024, аз тарафи ташкилоти "Хайрияи Тоҷикистон" бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло ва роҳбари ташкилоти зикргардида Дилшодов Умар дар деҳаи Телмони Ҷамоати деҳоти Золи Зар барои бунёди шаҳрча санги асос гузошта шуд. Дар ин мавзеъ барои ятимони кулли ноҳия хонаҳои истиқоматӣ сохта шуда, инчунин инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ таъмин карда мешавад.
ВОХӮРИИ СУДМАНД БАРГУЗОР ГАРДИД
Либос дорои хусусиёти хос буда, дар рушду такомули ахлоқӣ, маънавӣ ва ифтихори худшиносии инсон нақши муҳим мебозад. Дар ин раванд гурӯҳи корӣ доир гардида, оид ба мавзӯи пешгирӣ аз фарҳанги бегона дар кӯчаю маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии судманд байни шаҳрвандон гузаронида шуд. Дар рафти вохурӣ ќайд гардид, ки мо тарафдори либоси миллии тоҷикон ҳастем ва аз ҷавонон даъват ба амал меоварем, ки ҳеҷ гоҳ бегонапарастӣ накарда, ба фарҳангу тамаддун ва арзишҳои миллии тоҷикон эҳтиром гузоранд ва фирефтаи афкори як идда бадхоҳону бадандешон нагарданд. Имрӯзҳо баъзе занону духтарони мо майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Пӯшидани сатр ва ҳиҷоб, ки имрӯз мушоҳида мешавад ба мардуми мо куллан бегона буда, ба либоси миллии мо робитае надошт. Либос дар замири инсон ҳисси зебоипарастӣ, озодагӣ ва хулқу рафтори ҳамидаро ҷой карда, инсонро водор месозад, ки хушбину хушрафтор бошад ва инчунин инъикосгари фарҳанг, одоб ва сатҳи камолоти инсон аст.