ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА ИДИ ҒАЛАБА

    Рӯзи 8 майи соли 2024 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гардид. Дар оғоз бо иштироки раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дар назди муҷассамаи Модари маҳзун ва нимпайкараҳои қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ, ки дар Боғи фарҳанги ба номи Умар Хайём ҷойгиранд, бо мақсади гиромидошти хотираи шаҳидон гулчанбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи қурбониёнро пос доштанд. 

ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ    

    Собиқадорони ҷангу меҳнат беҳтарин солҳои умри худро ба озодию ободии Ватан, пешрафти зиндагӣ ва рушди иқтисодиёту фарҳанг бахшиданд. Дар навбати худ дар назди наслҳои имрӯзаву оянда вазифаи боз ҳам муқаддастару масъулияти бузургтари таърихӣ истодааст, аз ҷумла нигоҳ дошта тавонистани оини давлату давлатдории миллӣ, боз ҳам устувор намудани Истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ масъулияти таърихии наслҳои имрӯзаву оянда аст. 

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30