18 АВГУСТ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ

          Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 август таҷлил карда мешавад. Дар ин робита имрӯз 18 августи соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо, роҳбари шабакаи муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ Холов Азизулло, сартабиби беморхонаи марказӣ Қурбонов Ниёзмаҳмад ва кормандони соҳаи тандурустӣ Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда шуд. Нахуст муовини раиси ноҳия Сангализода Қумриниссо тамоми кормандони соҳаи тандурустии ноҳияро ба ин муносибат табрик намуда, иброз дошт, ки табиб аз лиҳози тафаккур бояд дили пок, андешаи солим ва дасти сабуки равонбахш дошта бошад. Дар замони муосир нақши соҳаи тандурустӣ ҳамчун соҳаи иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ гардида, сатҳи солимӣ ва маънавии ҳар миллат аз он шаҳодат медиҳад. Зеро заминаи асосӣ ва боэътимоди рушди ҳар давлату ҷомеа пеш аз ҳама ба солимии аҳолӣ вобаста мебошад. Имрӯзҳо кишварҳои пешрафтаи олам байни худ танҳо дар ин арса равобити густурда доранд. Дар ин самт ҳадафи асосии сиёсати давлатро фароҳам овардани шароит барои рушду инкишофи соҳаи тиб ва ҷалби бештари сармоя ба ин соҳа ташкил медиҳад. -Бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири қадршиносӣ аз хизматҳои шоёни табибон соли 1995 санаи 18 август ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи идҳои давлатӣ ворид гардид. Басо рамзист, ки 18 август устоди табибони ҷаҳон, фарзонафарзанди миллати тоҷик ва бузургтарин симои олами илму дониши башарӣ Абуалӣ ибни Сино ба дунё омадааст. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ дар ватани азизамон ба маротиб рушд намуд, - зикр дошт Сангализода Қумриниссо. 

БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИР АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

          Бо мақсади шиносоӣ аз вазъи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил, хусусан, таъмини муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсию бадеӣ, ҷойи нишаст, технологияи муосиру озмоишгоҳҳои таълимӣ, таъмири ҷорию капиталии муассисаҳои таълимӣ, ороиши синфхонаҳо, санаи 17 августи соли 2023 муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ва сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Сафарзода Ғазалшо аз муассисаи таълимии №23, муассисаи таҳсилоти томактабии №3 ва мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия дидан намуданд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия меҳмонон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ҳамзамон доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омоданамоии мутахассисони босаводу донишманд ва истифодаи усулҳои нави таълим, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ёдовар шуда, зикр доштанд, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва чанде дигар як қатор тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст.

                                        БОЗДИД АЗ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ

        Муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо санаи 1 августи соли 2023 аз вазъи нигоҳубинии гигиенаи шахсии кӯдакон ва раванди таълиму тарбияи онҳо аз муассисаҳои томактабӣ №№1 ва 2-и ноҳия дидан намуд. Сангализода Қумриниссо риояи гигиенаи шахсии кӯдаконро яке аз шартҳои ҳаёти оддӣ ва солимӣ арзёбӣ намуда, зимни вохӯрӣ бо мураббиёни муассисаҳои зикршуда афзуд, ки гигиенаи кӯдакон ва наврасон як маҷмӯи қоидаҳои гигиенӣ, ки ба нигоҳубин ва таҳкими саломатӣ нигаронида шудаанд, мебошанд. Асосҳои гигиенаи кӯдак ба наврасон меъёрҳои барои нигоҳдории дурусти ҷисм, истифодаи дурусти маҳсулоти хӯрока, либос ва пойафзолро дар бар мегиранд. Чун ҷузъи муҳими консепсияи гигиенӣ, меҳнат, истироҳат, режими рӯзона ва ғизо ҳал карда мешавад. -Таълиму тарбияи томактабӣ раванди мақсадноке, ки қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабиро инкишоф дода, ба оила, падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар таълиму тарбияи кӯдакон, инчунин омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ мусоидат мекунад, -иброз намуд Сангализода Қумриниссо.

 

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД

         Бегоҳирӯзии 26 июли соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон оид ба рафти санҷиши корҳои сохтмонӣ бо масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ҷамоати болозикр, раисони маҳалла ва падару модарон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия баргузор гардид. Раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон ҷиҳати боздид аз корҳои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ин ҷамоат, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон ва кумитаи падару модарон амалӣ шуда истодааст, дидан намуданд. Раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон ба масъулин ҷиҳати омодогӣ ба оғози соли хониши 2023-2024 ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияи хонандагон супоришҳои мушаххас доданд. Зимни боздид бо директорони муассисаҳо ва сохмончиён суҳбат намуда, иброз доштанд, ки корҳоро бо сифати баланд ва дар вақташ ба анҷом расонанд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки назоратро аз болои тозаву озода нигоҳ доштани муассисаҳои таълимӣ пурзӯр намоянд. Сипас ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо суруду навоҳои дилнишину ватандӯстона хотири ҳозиринро болида гардониданд. Аксбардор: А. Шерматов

 МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА «16 РӮЗИ ФАЪОЛНОКӢ БАР ЗИДДИ ЗӮРОВАРИИ ГЕНДЕРӢ»

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари вохӯрию суҳбатҳояшон оид ба бунёди оилаи солиму устувор, тарбияи фарзандони солеҳ, таълиму тарбияи наслҳои имрӯзу оянда дар рӯҳияи ватандӯстӣ, баҳри пойдорию устувории Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, оилаи солиму фарзандони солеҳро асоси давлату миллати устувору солим арзёбӣ менамоянд. Дар ин замина имрӯз 26 июли соли 2023 дар толори Маркази дастгирии занони ташкилоти ҷамъиятии «Оксана» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки роҳбари лоиҳа Муаззама Усмонова, ахборотчии ташкилоти ҷамъиятии «Оксана» Саодат Алаёрова, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Моҳсанам Аҷикова, кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, мушовири шуъбаи маориф, ёвари сардори ШВКД, намояндагони ҲХДТ ва раисони маҳалла мизи мудаввар бахшида ба «16 рӯзи фаъолнокӣ бар зидди зӯроварии гендерӣ» баргузор гардид. 

 ВАТАНРО ТАНҲО ХУДИ МО ҲИМОЯТГАРЕМ!

    Дар асоси фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси нақшаи тасдиқшудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамринҳо оид ба мудофиаи ҳудудии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Дар ин замина субҳи 21 июли соли 2023 дар Варзишгоҳи марказии ба номи Уктам Маматови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ бо иштироки намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои дахлдор ва корхонаву ташкилоту муассисаҳо тамринҳо доир ба ҳолати омодабошӣ гузаронида шуд, ки дар он кормандони касбу кори гуногун иштирок доштанд. Дар оғоз аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки барои омодабошии ҳолати бонги хатар ҳар яки мо ҳамеша омода бошем. Тамрину омодагии мазкур дар асоси нақшаи тасдиқшудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ гузаронида шуд. 

              ТАШАББУСҲОИ РОҲСОЗӢ-КАФИЛИ РОҲИ БЕХАТАР

     Муассисаи давлатии нигоҳдории автомобилгарди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар мувозинаи худ 250,7 км роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумро ба ӯҳда дорад, ки аз ин ҳисоб 34 км роҳҳои автомобилгарди моҳияти байналмилалӣ, 42,3 км роҳҳои автомобилгарди ҷумҳуриявӣ ва 174,4 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта мебошанд. Аз рӯйи таҳлили нишондодҳо маълум гардид, ки дар шаш моҳи соли 2023 муассисаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 134 020 сомонӣ корҳои таъмир ва нигоҳдории роҳҳо иҷро карда шудааст. Аз ҷумла, таъмири кӯпрук ва қубурҳо, ки маблағи 56 283 сомониро дарбар гирифта, бо ин маблағ 3 адад қубурҳо ва як адад кӯпрук таъмир ва азнавсозӣ гардидаанд, аз гуфтаҳои боло дарак медиҳанд. Таъмири ҷорӣ маблағи 29 747 сомониро дарбар гирифта, баҳри бехатарии ҳаракат дар роҳ ба миқдори 700 метри мураббаъ хатҳои гузаргоҳи пиёдагардон ва 9,8 км хатҳои уфуқии роҳ кашида шуда, 31 адад аломатҳои роҳ васл гардидааст. Бо иттилои сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия Маҳмадшариф Салимзода дар масофаи 38,5 км роҳҳои автомобилгард таъмири чуқуричаҳои болопӯши роҳ бо омехтаи сиёҳ мумфарш гардида, техника ва нақлиёти дар тавозуни муассиса қарордошта аз муоинаи техникӣ гузаронида шудаанд. 

 ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ НОҲИЯ ДАР   ШАШ МОҲИ СОЛИ 2023

   Санаи 18 июли соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти раёсати муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо бо иштироки мудирону директорони тамоми беморхонаҳо оиди ҷамъбасти фаъолияти сохтори госпиталии ноҳия дар шаш моҳи соли 2023 баргузор гардид. Қайд гардид, ки муассисаҳои сохтори госпиталии ноҳия дар асоси Оинномаҳои муассисаҳои тиббӣ, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, фаъолият намуда истодаанд. Иҷрои харҷномаи буҷети беморхонаи марказии ноҳия дар шаш моҳи соли 2023 мувофиқи нақша 3 миллиону 19 ҳазор сомонӣ мебошад, ки ин 92,0 % иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Беморхонаи марказӣ аз ҳисоби маблағҳои қарори №600 ва муоинаи тиббӣ ба 292 нафар ба маблағи 91 њазору 993 сомонӣ хизматрасонии тиббӣ ройгон расонидааст. Гуфта шуд, ки бо 

 УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА» БАРГУЗОР ГАРДИД

    Санаи 17 июли соли равон дар деҳаи Ҳақиқати Ҷамоати деҳоти Маданият бо иштироки масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Маданият ва раиси маҳалла оид ба кори фардии усули «Хона ба хона» тадбирҳо амалӣ карда шуд. Оид ба риояи талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбяи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» инчунин баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, донистани ҳуқуқҳои худ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ва занон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, оқибатҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ, худкушию худсӯзӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ҷалби духтарон ба илму ҳунаромӯзӣ, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маҳсулоти хӯрокворӣ барои зимистон ва оид ба дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуда, ба сокинон маслиҳатҳои муфид дода шуд. Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо бедор намудани ҳисси меҳандӯстӣ ва зебоипарастӣ дар замири ҳар шахс мебошад.

 

                            БОЗДИД АЗ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ

    Санаи 20 июли соли 2023 муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо барои шинос шудани корҳои таъмири муассисаҳои томактабӣ аз љумла муассисаи томактабии Президентӣ ва муассисаи томактабии №8 шинос шуд. Сангализода Қумриниссо зимни боздиди муассисаҳои мазкур вобаста ба тарбияи кӯдакони синни томактабӣ ба мураббиён ва масъулин маслиҳатҳои муфид доданд. Ёдовар бояд шуд, ки дар ноҳия 17 адад муассисаҳои томактабӣ фаъолият намуда истодаанд, ки дар онҳо 1408 кудак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

 

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30