НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » ТАШАББУСҲОИ РОҲСОЗӢ-КАФИЛИ РОҲИ БЕХАТАР
июль 21 2023

ТАШАББУСҲОИ РОҲСОЗӢ-КАФИЛИ РОҲИ БЕХАТАР

    Муассисаи давлатии нигоҳдории автомобилгарди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар мувозинаи худ 250,7 км роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумро ба ӯҳда дорад, ки аз ин ҳисоб 34 км роҳҳои автомобилгарди моҳияти байналмилалӣ, 42,3 км роҳҳои автомобилгарди ҷумҳуриявӣ ва 174,4 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта мебошанд. Аз рӯйи таҳлили нишондодҳо маълум гардид, ки дар шаш моҳи соли 2023 муассисаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 134 020 сомонӣ корҳои таъмир ва нигоҳдории роҳҳо иҷро карда шудааст. Аз ҷумла, таъмири кӯпрук ва қубурҳо, ки маблағи 56 283 сомониро дарбар гирифта, бо ин маблағ 3 адад қубурҳо ва як адад кӯпрук таъмир ва азнавсозӣ гардидаанд, аз гуфтаҳои боло дарак медиҳанд. Таъмири ҷорӣ маблағи 29 747 сомониро дарбар гирифта, баҳри бехатарии ҳаракат дар роҳ ба миқдори 700 метри мураббаъ хатҳои гузаргоҳи пиёдагардон ва 9,8 км хатҳои уфуқии роҳ кашида шуда, 31 адад аломатҳои роҳ васл гардидааст. Бо иттилои сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия Маҳмадшариф Салимзода дар масофаи 38,5 км роҳҳои автомобилгард таъмири чуқуричаҳои болопӯши роҳ бо омехтаи сиёҳ мумфарш гардида, техника ва нақлиёти дар тавозуни муассиса қарордошта аз муоинаи техникӣ гузаронида шудаанд. Техникаҳои истифодашаванда бошанд, бо қисмҳои эҳтиётӣ ва равғанҳои молиданӣ таъмин гардидаанд. Таъмири роҳҳо маблағи 38 080 сомониро дарбар гирифта, ба масофаи 0,05 км корҳои мустаҳкамкунии канори роҳ, дар масофаи 1,0 км сангфарш намудани болопӯши роҳ гузаронида шудааст. Маблағи иҷрои корҳои зимистонгузаронӣ 7 906 сомониро дарбар гирифта, бо ин маблағ ба масофаи 72 км тозакунии болопӯши роҳ аз барф ва пошидани 75 метри мукааб маводи зидди лағжиш иҷро гардидааст. Дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ 313 000 сомонӣ ҷудо гардида, корҳои таъмирӣ иҷро шудааст. Аз тарафи соҳибкорон ва аҳолӣ дар маҷмуъ ба маблағи 914,04 ҳазор сомонӣ корҳои таъмир ва азнавсозии роҳу кӯпрукҳо ба анҷом расида, ба масофаи 0,6 км роҳ мумфарш ва 4 адад купрук таъмиру азнавсозӣ гардиданд. Хусусан, дар Ҷамоати шаҳраки Балх бо маблағи 380,0 ҳазор сомонӣ 0,6 км роҳи автомобилгард таъмир ва азнавсозӣ гардида, бо омехтаи сиёҳ мумфарш карда шуд. Инчунин, ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ як адад кӯпрук бо дарозии 30 метр таъмир карда шуд. Дар деҳаи Саноати Ҷамоати деҳоти Золи Зар ба маблағи 14,5 ҳазор сомонӣ як адад кӯпрук бо дарозии 12 метр, дар деҳаи Меҳнатобод бо маблағи 133,0 ҳазор сомонӣ як адад кӯпрук бо дарозии 18 метр таъмир карда шуд. Ҳамчунин дар деҳаи Ҳазорчашмаи Ҷамоати деҳоти Калинин бо маблағи 246,54 ҳазор сомонӣ як адад кӯпрук бо дарозии 24 метр азнавсозӣ гардид, ки ин ташаббусҳо аз ҷониби муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия роҳи бехатарро таъмин менамоянд. Айни ҳол таъмири роҳҳо идома дорад ва аҳли ноҳия дар пайравии раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холмурод Раҳмон ин ободкориҳоро дастгирӣ намуда истодаанд.

 

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
21 июль 2023
Асосӣ / Тандурустӣ
ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ НОҲИЯ ДАР ШАШ МОҲИ СОЛИ 2023 Санаи 18 июли соли 2023 дар толори Мақомоти

Маълумоти бештар
21 июль 2023
Асосӣ / Сохтмон
КОРҲОИ ЧАРОҒОНКУНӢ ДАР

КОРҲОИ ЧАРОҒОНКУНӢ ДАР НОҲИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бобати иҷрои

Маълумоти бештар
15 ноябрь 2022
Асосӣ
10 НОЯБР – РӮЗИ

10 НОЯБР – Р Ӯ ЗИ МИЛИТСИЯИ ТО Ҷ ИК Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик дар

Маълумоти бештар
08 декабрь 2022
Асосӣ
7 ДЕКАБР - РӮЗИ

7 ДЕКАБР - Р Ӯ ЗИ КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ МОЛИЯ Пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷрои

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30