ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА» Ҷаласаи комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули Лола» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои соли 2023 таҳти раёсати намояндагон муовини якуми раиси ноҳия Холиқзода Рустам, барои муайян намудани ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули Лола» аз рӯи номинатсияҳои пешниҳодгардида дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид. Холиқзода Рустам, раиси комиссияи ноҳиявӣ иброз намуд, ки тибқи талаботҳои Низомномаи озмун ба Комиссияи озмун номзадии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз рӯи номинатсияҳои гуногун пешниҳод шудааст. Қайд карда шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар як сокини ноҳия, ободу зебо намудани ҳар як хона, кӯча, деҳа, маҳалла ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия озмуни «Сайри гули Лола» гузаронида мешавад. 

 САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД БА НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

  Дар арафаи ҷашни Наврӯз субҳи имрӯз раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сафар намуд. Дар ин сафар раиси вилоят дар деҳаи «Чорбоғ»-и ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Муассисаи таълимии наву замонавиро, ки бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлати бунёд ёфтааст ва ба ҷашни Наврӯзи фархунда рост омадааст ҳамчун туҳфаи идона ба истифода супорид. Таълимгоҳ аз ду ошёнаи барҳаво, 10 синфхона, ошхона, китобхона ва ҳуҷраҳои иловагӣ иборат буда, барои зиёда аз 600 нафар хонандагон дар ду баст пешбини шудааст. Сохтмони муассисаи таълимӣ бо назардошти фарогирии ҳарчи бештари хонандагон ба илмомузӣ, махсусан бо зиёд шудани теъдоди хонандагон дар доираи татбиқи барномаҳои ҳукуматии марбут ба рушди соҳаи маориф ва таҳкими инфрасохтори соҳа қомат афрохта бо мавриди истифода қарор гирифтани он шумораи муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба 71 муассиса расид. Акнун ин таълимгоҳ ҳамчун муассисаи таълимии миёнаи умумии №71 фаъолияти хешро идома хоҳад дод.

                      БУНГОҲИ ТИББӢ - ТУҲФАИ НАВРӮЗӢ

   Дар арафаи иди Наврӯзи байналмилалӣ санаи 21 марти соли равон дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Навобод бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон як бунгоҳи саломатӣ кушода гардид. Бинои мазкур аз 3 ҳуҷра ва як роҳрав иборат буда, як ҳуҷраи момодоя, эмгузаронӣ, ҳамшираи гашти хонаҳо, инчунин як сартарошхона ва ҳуҷраи дигар барои раиси маҳалла низ мавҷуд аст. Ин бино аз ҳисоби сокинон бо маблағи 130 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст.  То анҷом ва ба истифода додани он раиси маҳалла Сафарбой Бердиев ва мудири бунгоҳ Замира Абдулҳамидова бо 350 нафар хоҷагиҳои маҳалла саҳми худашонро расониданд. Дар кушодашавии ин бинои нав раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон суханронӣ намуда, аҳли маҳалларо бо фарорасии Иди Наврӯзи-2023 таҳният намуд. Ба истифода додани бинои бунгоҳи тиббиро як туҳфаи хотирмони наврӯзӣ арзёбӣ карданд.

 

     ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ НАВРӮЗ Санаи 3 марти соли ҷорӣ дар Ҷамоати шаҳраки Балх бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҷалби занону бонувони ҳунарманди ноҳия чун анъанаи неки наврӯзӣ баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз тадбирҳои зарурӣ андешида шуд. Дар ин рӯз занону бонувони фаъол ва собиқадорон аз расму оин ва анъанаиҳои неки наврӯзӣ, аз қабили гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, тоқидӯзӣ, чаппотибандӣ, ороиши дастархони идона, пӯхтани хӯрокҳои миллӣ ва қироати шеърҳо дар васфи баҳору наврӯз пешниҳод карда шуд.                                          

                                                                                                                                                                                                      

     Кори хайр дар Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

          Санаи 23 феврали соли 2023 мардуми деҳаҳои "Қизил-Юлдуз", "Қизил-Октябр", "Панҷсолагӣ", "Янгиобод", "Қизил-Байрақ" ва "Ҳақиқат" мувофиқи нақша барои кори савоб, яъне тоза кардани манзилгоҳи калон, ки дар деҳаи "Ҳақиқат" ҷойгир аст, иштирок карданд. Дар баробари ин дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ дарахтҳои сояафкан, аз ҷумла, дарахти арча 50 адад ва дарахтони мевадиҳанда 24 адад шинонда шуданд. Дар ин кори хайр -дарахтшинонӣ раиси ноҳия Холмурод Раҳмон ва раиси Ҷамоати деҳоти Маданият Эшбуризода Баҳриддин низ иштирок намуда, саҳми худро гузоштанд. Мардуми савобкор зиёда аз 800 нафарро ташкил медод. Баъд аз анҷоми корҳои хайр раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон ба саҳмгузорон миннатдории хешро изҳор намуд. 

 


                                         ОЗМУНИ "ВАТАНПАРВАР" БАРГУЗОР ГАРДИД

         Санаи 20 феврали соли 2023 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ озмуни ноҳиявии ҳарбӣ–варзишии «Ватанпарвар» бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони синфҳои 10 ва 11–и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар майдончаи варзишӣ бо ташаббуси кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия баргузор гардид. Мусобиқа аз рӯи намудҳои зерин гузаронида шуд: -давидан ба масофаи 100 метр, -овезон шудан, кашидани турник, -машқҳои сафороӣ -сангбардорӣ (гирбардорӣ) -беҳтарин газетаи деворӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ. Пас аз анҷоми мусобиқа ғолибон аз рӯи намудҳои муайяншуда бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Мақсад ва вазифа - баланд бардоштани сифати ахлоқӣ, такмил додани корҳои ватандӯстӣ, варзиши байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тайёр намудани онҳо барои аз худ намудани «Барномаи омодагии ҳарбӣ дар синфҳои болоӣ», тарбия намудани масъулиятнокӣ нисбат ба артиш, сифатҳои олии маънавӣ, ташаббускорӣ ва худ фаъолиятӣ, шуурнокӣ, бародарӣ, дӯстиву иттифоқӣ, ҷасорат, зиракӣ ва тобоварӣ мебошад.

 

    Суратгузориш аз рафти озмуни вилоятии "Бонуи ҳунарманди сол" дар тарабхонаи "Балх"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ. 18.02.2023 

 

                                                               МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯ

    Аз тарафи масъулин, аз ҷумла шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот барои хуррамгардонии ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ вусъат ёфта истодааст. Санаи 15 феврали соли 2023 дар деҳаи Ленингради Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷараёни гузаронидани корҳои ободонӣ, аз ҷумла шинонидани дарахтон бо иштироки раиси ҷамоати номбурда Валиҷон Наҷмиддинов, сокинони деҳа 70 адад дарахти арча, 50 дарахти мевадиҳанда ва 100 адад дарахти тут шинонида шуд. Чунин маъракаи ниҳолшинонӣ дар маҳаллаи Ленингради 2 низ амалӣ шуда 90 адад арча шинонида шудааст. Аз ҷумла, аз тарафи сокини маҳалла, раиси хоҷагии деҳқонӣ Рустам Ҷаборов 100 адад дарахти тут шинонида шуд.

 

                                                            ВОХӮРИИ МУФИД БО ХОНАНДАГОН

    Санаи 14 феврали соли 2023 дар гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки сармутахассис-котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Барно Саидова, муовини сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Султонзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Хайрулло Ҳакимзода вохӯрии муфид оид ба самти пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ байни ноболиғону ҷавонон, зӯроварӣ, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо омӯзгорон, хонандагон ва волидон баргузор гардид. Барно Саидова зимни суханронии хеш зикр дошт, ки масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд, раванди мақсаднок ба воя расонидани фарзанд аз ҷониби падару модар, муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустақилона омода намудан аст. Ҳамчунин дар навбати худ дигар баромадкунандагон низ оид ба мавзӯъҳои болозикр андешаронӣ намуданд. Чунин вохӯриҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷамоатҳои деҳоти Калинин, Ҳалевард ва Навоӣ баргузор гардид.

 

                                                                                                                                                                    

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30