ҚАДРДОНӢ

 Санаи 6 уми феврали соли 2023 аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи ҲАЯТ РЕҶЕНСИИ шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2022 баргузор гардид. Дар ин рӯз мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Қурбонзода Хуршед бо Дипломи "БЕҲТАРИН КОРМАНДИ СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН ДАР СОЛИ 2022" сарфароз гардид. Муборак бошад!

 

 

 

                                                                    ҚАДРДОНӢ

    Санаи 7 феврали соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 бо супориши раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон аз тарафи мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ҷаъфарзода Фарзона вохӯрӣ бо омӯзгорон ва волидон баргузор гардид. Аз ҷумла баргузории чорабинии тарғиботии «Фарзанди босавод-ифтихори модар» дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», вобаста ба ҷалби модарон ба мактаб ва иштироки онҳо дар соатҳои дарсӣ дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбат гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ якчанд нафар омӯзгорони пуртаҷриба аз ҷумла омӯзгороне, ки аз фанни забони руссӣ дарс мегӯянд бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин ингуна вохӯрӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 низ баргузор гардид.

                                            ОЗМУНИ "СУРУДИ АЛЛА"

   Санаи 7 феврали соли 2023 тибқи нақша-чорабиинии тасдиқнамудаи Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон да Чойхонаи «Шамсулло»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври озмуни вилоятии «Суруди Алла» таҳти унвони «Алла ифшогари орзуҳои модар» бо иштироки ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ Ҷаъфарзода Фарзона- мудири бахши кор бо оила, Латифзода Насиба- мудири бахши фарҳанг, мудири Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия Фирӯзаи Турахон ва мудири китобхонаи марказӣ Имомзода Адолат иштирок намуданд. Озмуни болозикр бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақил, арҷгузорӣ ба расму ойини миллӣ ва анъанаҳои миллии мардуми тоҷик гузаронида шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиёни фаъол бо Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуда, ҳамзамон аз тарафи Ҷамоати шаҳраки Гулистон ба ду ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 

 ВОХӮРИҲОИМУФИДОИДБАПЕШГИРИИҶАВОНОНАЗГУРӮҲҲОИТЕРРОРИЗМВАЭКСТРЕМИЗМ

   Тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санаи 19 январи соли 2023 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7 бо иштироки муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, дар якҷоягӣ бо масъулони шуъбаи маориф, бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯриҳои муфид бо омӯзгорон, падару модарони хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67 Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид. Мақсад аз вохӯриҳои мазкур шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар амал татбиқ намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», таҳкими ҳамкории падару модарон бо соҳаи маориф, тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, пешгирии таълими ғайрирасмии динӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ- терроризму экстремизм, худкушию худсӯзӣ, аз таҳсил дур мондани ноболиғон, содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар байни хонандагон мебошад. Зимни суханронӣ муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат оид ба хатари терроризму экстремизм андешаронӣ намуда, зикр кард, ки терроризм ва экстремизм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байни давлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. 

 ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ВОЛИДОНИ ХОНАНДАГОН

Санаи  17 январи соли 2023 тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар толори МТМУ № 1 бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, дар амал татбиқ намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», таҳкими ҳамкории падару модарон бо маориф, тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи фарзандон дар роҳи ватандӯстию ватанпарастӣ, таълими ғайрисамии динӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ- терроризму экстремизм, худкушию худсӯзӣ, ҳалли масъалаҳои аз таҳсил дур мондани ноболиғон, пешгирии содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар байни хонандагон, танзим, анана ва ҷашну маросимҳо вохӯрӣ ва мулоқоти муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат дар якҷоягӣ бо масъулони шуъбаи маориф, бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомот, бахши кор бо ноболиғон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва бахши фарҳанг бо омӯзгорон, падару модарони хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва гимназияи давлатии №1-и ноҳия баргузор гардид.

   Суратгузориш аз рафти вохӯрӣ бо кормандони КАТС оид ба баррасии расонидани кумаки аввалияи тибию санитарӣ ба аҳолии ноҳия дар рӯзҳои сарди зимистон, бо иштироки муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдусаломзода Анзурат.

 

 ГУЛДУХТАРОНИ «ПАНҶШЕР»

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо роҳбарии муаллими тарбияи ҷисмонӣ Содиқ Исматов дастаи футбол бо номи «Духтарони футболбоз» ташкил карданд. -Аллакай ин духтарони футболбоз дар мусобиқаҳои ҷумҳурӣ, Душанбе, вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Мастчоҳ, Турсунзода, Носири Хусрав, Қубодиён, Кӯлоб, Фархор ва Бохтар иштирок карда, ифтихорномаи даставӣ, 1 ҷом, 20 медали биринҷӣ, 20 медали нуқра ва 20 медали «Тилло» оварданд, -иброз намуд муаллими тарбияи ҷисмонӣ Содиқ Исматов. Гурӯҳи «Духтарони Футболбоз» дар чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футболи байни духтарони 13-сола (Ю-13) рақобат намуда, ҷои аввалро сазовор гардиданд. 

 ИҚДОМИ ХАЙР Бо пайравӣ аз иқдомҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Рӯзи байналмилалии маъюбон ба 4 нафар маъюби бистарӣ кумаки молиявӣ расонида шуд. Ин ташаббус ниёзмандонро хеле хушнуд ва руҳбаланд намуд.

 

   КОРИ ХАЙР Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон санаи 2 декабри соли 2022 дар Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ба 30 нафар шахсони имконияташон маҳдуд бо маводҳои хӯрокворӣ кумак карда шуд.

   ИҚДОМИ ХАЙР Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ашхоси имконияти маҳдуддоша ва ятимон дасти кумак расонида мешавад. Ин аст, ки аз тарафи директори муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 33-и Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Зебунисо Қосимова ба як нафар имконияти маҳдуддоштаи ҷамоати мазкур Саидов Амирҷон аробачаи маъюбӣ тақдим карда шуд.

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30