Санаи 17 январи соли 2023 тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар толори МТМУ № 1 бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, дар амал татбиқ намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», таҳкими ҳамкории падару модарон бо маориф, тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи фарзандон дар роҳи ватандӯстию ватанпарастӣ, таълими ғайрисамии динӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ- терроризму экстремизм, худкушию худсӯзӣ, ҳалли масъалаҳои аз таҳсил дур мондани ноболиғон, пешгирии содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар байни хонандагон, танзим, анана ва ҷашну маросимҳо вохӯрӣ ва мулоқоти муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат дар якҷоягӣ бо масъулони шуъбаи маориф, бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомот, бахши кор бо ноболиғон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва бахши фарҳанг бо омӯзгорон, падару модарони хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва гимназияи давлатии №1-и ноҳия баргузор гардид. Дар вохурӣ муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат оид ба иҷроиши талабот ва рафти амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуда, зикр дошт, ки таъмини иҷроиши он яке аз масъалҳои мубрами рӯз дар самти тарбияи наврасон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва рушду тафаккури миллии онҳо ба ҳисоб рафта, принсипҳои асосии ин қонуни миллӣ ба инкишофи фарҳанги ҳуқуқии наврасон ва солиммандии ин табақаи ояндасози ҷомеа нигаронида шудааст. Мавсуф ҳамчунин доир ба таҳкими занҷираи ҳамкорӣ миёни мактаб ва волидайн андешаронӣ намуда, афзуд ки ин иқдоми муассир дар пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ нақши калидӣ дорад. Баромадкунандагон низ дар навбати худ оид ба мавзӯҳои зикргардида андешаронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки барои омода намудани хонандагони муассисаҳои мазкур пайваста дар ҳамаи олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои ҷойгоҳи намоёнро ишғол намудан тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Навиди Балх