ВАҲДАТ-НАХЛИ АСОСГУЗОРИ МИЛЛАТ
Қудрате бар ҷону имон Ваҳдат аст, Нур андар нури Яздон Ваҳдат аст. Олами садгунаю пурҳарфро, Тарҷумону коргардон Ваҳдат аст. Аз он рӯзе, ки миллати тоҷик соҳиби Ваҳдати миллӣ гардид, 26 - сол сипарӣ шуда, Тоҷикистон ба сарзамини беҳтарини дунё мубаддал гардидааст. Нахли «Ваҳдат»-ро Худованд боғбоне ато кард, ки ҳамчун донандаи асрори боғбонӣ аз сидқ ба парваришаш камари ҳиммат баст. Ин нахл ҳамасола реша давонд ва дарахти мустаҳкаму устувори боровар гардид, ки аз шаҳдаш коми ҳамагонро ширин намуд. Аҳли қалам аз қалби пуршур ҷоннисорияшро васф мекарданду тараннум менамуданд, чун саҳифаҳои гузаштагонро варақ мезанем, пеши назар рӯзҳои мудҳишу сангини ба сари миллату давлатомада ҷилвагар мешаванд.