ТАҶЛИЛИ 29-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

     Санаи 2 ноябри соли 2023 дар Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба таҷлили 29-умин солгарди “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар чорабинӣ раиси ноҳия бо сухани табрикотӣ баромад карда, ҳозирин ва дар симои онҳо кулли мардуми ноҳияро бо камоли эҳтиром ва таманниёти нек ба ифтихори ин ҷашни фархундаи таърихӣ табрику муборакбод гуфта, сиҳатмандиву хушбахтӣ, осудагии рӯзгор ва сарбаландиву барори кор таманно намуданд. Қайд гардид, ки воқеияти бебаҳс аст, ки сарнавишти муосири халқи тоҷик, ибтидои давлатсозиву давлатдории навин, пешрафту рушди Тоҷикистони маҳбуб ва болоравии мақоми он дар арсаи ҷаҳонӣ аз Истиқлолияту соҳибихтиёрии Ватани азизамон ва қабули ин санади тақдирсози миллат сарчашма мегирад. Зеро Конститутсияи мо худ маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад ва ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намудааст. 

 САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ   БАЛХӢ

      Санаи 3 октябри соли 2023 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз ҷумла ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи якчанд иншооти таъиноташон гуногун иштирок ва аз рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ дидан намуданд. Дар ин сафар Сарвазири мамлакатро раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ҳамроҳӣ карданд. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар маросими ифтитоҳи муассисаи таълимӣ ва Маркази саломатии хусусӣ иштирок намуданд. Гуфта шуд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 дар деҳаи Комсомоли Ҷамоати деҳоти Навобод ҷойгир шудаст. 

ХИЗМАТ БА ВАТАН - ҚАРЗИ ҲАР ИНСОНИ ВАТАНДОР

         Ватанпарастӣ яке аз рукнҳои муқаддас буда, арзиши муҳими худро дорад. Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, боғча ва баъдан аз муассисаи таълимӣ оғоз меёбад. Мо бояд кӯшиш намоем, ки дар дили фарзандонамон ҳисси ватандорӣ, расидан ба қадри сулҳу оромӣ, арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ҳимояи таърихи бойи аз гузаштагони худ меросмондаро парвариш намоем. Агар мо ба гузашта назар афканем, бо ҳамон шахсоне, ки сарбаландона аз хизмат баргаштаанд, аз он нафароне, ки хизмати хешро ба ҷо наовардаанд, албатта куллан фарқ доранд. Ватандӯстоне, ки хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд, муносибат, муомила ва назари онҳо тағир ёфта, дар зиндагӣ ин гуна ҷавонон ботаҳаммул, масъул дар оила ва наҷотбахши мушкилотњои пешомадаи њаёт мешаванд. Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ки “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд мебошад”. Имрӯз мебояд шукр аз он кунем, ки дар чунин давлати осоишта, дорандаи сулҳи пойдор ва биҳиштосо умр ба сар бурда истодаем. Мо набояд ин ҳама неъматҳоро нодида гузарем ва ҳар як инсон бояд аз таърихи гузаштагони худ ҳамеша ёдовар шавад.

                         ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-БАҚОИ УМРИ МО

   Шоми 26 июни соли 2023 Гулгашти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва саҳни Мактаби байналмилалии Презитентӣ қабои идона ба бар намуда буд. Хурду бузург гурӯҳ-гурӯҳ шуда, бо чеҳраи кушоду бо дили шод ба макони баргузории чорабинии идона бахшида ба 26-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ меомаданд. Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон бо сухани табрикотӣ чорабинии тантанавиро оғоз бахшида, ҳозирин ва дар шахсияти онҳо тамоми сокинони ноҳияро ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуд. Зикр кард, ки дар солҳои пойдории Ваҳдати миллӣ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ бамаротиб пеш рафт, тамоми нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ беҳтар гардиданд. Даҳҳо иншооти хурду бузурги таъиноти гуногун сохта мавриди истифода қарор дода шуданд. 

                                ВАҲДАТ-НАХЛИ АСОСГУЗОРИ МИЛЛАТ

        Қудрате бар ҷону имон Ваҳдат аст, Нур андар нури Яздон Ваҳдат аст. Олами садгунаю пурҳарфро, Тарҷумону коргардон Ваҳдат аст. Аз он рӯзе, ки миллати тоҷик соҳиби Ваҳдати миллӣ гардид, 26 - сол сипарӣ шуда, Тоҷикистон ба сарзамини беҳтарини дунё мубаддал гардидааст. Нахли «Ваҳдат»-ро Худованд боғбоне ато кард, ки ҳамчун донандаи асрори боғбонӣ аз сидқ ба парваришаш камари ҳиммат баст. Ин нахл ҳамасола реша давонд ва дарахти мустаҳкаму устувори боровар гардид, ки аз шаҳдаш коми ҳамагонро ширин намуд. Аҳли қалам аз қалби пуршур ҷоннисорияшро васф мекарданду тараннум менамуданд, чун саҳифаҳои гузаштагонро варақ мезанем, пеши назар рӯзҳои мудҳишу сангини ба сари миллату давлатомада ҷилвагар мешаванд.

 ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ   МИЛЛАТ» Санаи 6 июни соли 2023

    Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» бо иштироки аъзои ҳакамон Саодат Алаёрова, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Зуҳро Атабоева, мудири бахши кор бо занон ва оила Ҷаъфарзода Фарзона, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Қурбонзода Хуршед ва директории китобхонаи марказӣ Наргис Салимова баргузор гардид. Дар озмуни мазкур хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кормандони баъзе ташкилоту муассисаҳо иштирок намуда, ғолибон ба даври сеюми вилоятӣ роҳхат гирифтанд. 

                                                                                                                                                                                                                 

       Суратгузориш аз рафти ташриф ва дидан намудани намояндагони Ҷумҳурии исломии Эрон аз Мақбараи рамзӣ ва Хона Музейи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ. 3.06.2023

 

                                             "ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"

         Санаи 18 майи соли 2023 дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо таҳти унвони “Шабе дар осорхона” баргузор гардид. Дар ин рӯз меҳмонон ва сокинони ноҳия ба тариқи ройгон аз нигораҳои таърихии Осорхонаи мазкур дидан намуданд. "Навиди Балх"

 

   Санаи 18 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе натиҷагирӣ аз озмуни ҷумҳуриявӣ Осорхонаҳо таҳти унвони "Оинаи таърих" гузаронида шуд. Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сазовори ҷойи якум гардид.

 

                                Таъминоти кадри  дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

    Бо розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо қарорҳои раиси ноҳия имрӯз Қурбонзода Қурбоналӣ Муродалӣ ба мансаби муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ ва Сангализода Қумринисо Сафаралӣ ба мансаби муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ таъйин карда шуданд. Қурбонзода Қурбоналӣ тоинҷониб дар мансаби сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва Сангализод Қумринисо дар мансаби муовини сардори раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон фаъолият менамуданд. Масъулияти навбатӣ муборак бошад!

 

 

 

 

 

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Декабрь 2023    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031