ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ФУТБОЛИ ҶАҲОНӢ ДАР НОҲИЯ Ҳамасола 25 май дар саросари олам Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳамчун иди дӯстдорони ин навъи варзиши маҳбуб таҷлил мегардад. Ба ҳамин муносибат, рӯзи 24 май дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ-варзишӣ доир гардид, ки ба як ҷашни воқеии футбол ва ваҳдати варзишгарону сокинон табдил ёфт. Чорабинии мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин мактаби варзишӣ, муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ ташкил шуда, ҳадаф аз он тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву бародарӣ дар байни насли наврас ва баланд бардоштани сатҳи шавқу ҳавасмандии ҷавонон ба варзиш буд. Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ, роҳбарону намояндагони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони соҳа ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд. Қурбонзода Қурбоналӣ дар сухани ифтитоҳии худ қайд кард, ки футбол на танҳо як бозии варзишӣ, балки воситаи муҳими тарбияву ташаккули рӯҳияи ҷавонон, таҳкими дӯстӣ ва муаррифии миллатҳо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин рӯз наврасону ҷавонон аз муассисаҳои таълимӣ ва мактабҳои варзишӣ бо шукӯҳу шавқ дар сабқатҳои гуногун - аз футболбозии кӯдакона то намоиши маҳорати техникаи футбол ширкат варзиданд. Мувофиқи маълумоти ташкилкунандагон, дар чорабинӣ зиёда аз 1000 нафар иштирок намуда, як қатор фаъолон бо туҳфаҳои варзишӣ сарфароз гардонида шуданд. Ин туҳфаҳо ҳамчун рамзи эҳтиром ва ҳавасмандсозӣ ба ҷавонони фаъол тақдим гардиданд. Ин рӯз на танҳо барои дӯстдорони футбол, балки барои тамоми сокинони ноҳия як рӯйдоди хотирмон буд. Чунин чорабиниҳо, ба гуфтаи иштирокчиён, дар рушду тавсеаи варзиш, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ташвиқи руҳияи ватанпарастии ҷавонон нақши муҳим доранд. Дар фарҷоми чорабинӣ масъулин изҳор доштанд, ки баргузории чунин ҷашнҳо дар оянда низ бо шукӯҳи бештар идома хоҳад ёфт ва футбол ҳамчун варзиши миллию ҷаҳонӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ хоҳад буд.

 

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН. Имрӯз, 22 майи соли 2025 бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар толори муассиса, миёни машқварзони гурӯҳҳои синну солашон 2012-2015-и мактаби варзишии ноҳия мусобиқаи варзишӣ оид ба гуштини ҷудо баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгарон аз рӯйи 12 вазн рақобат намуда, шумораи умумии иштирокчиён 85 нафарро ташкил медод. Ғолибон аз ҷониби ҳайати ҳакамон муайян ва бо Диплом ва медалҳои таъсиснамудаи мактаби варзишии ноҳия қадрдонӣ гардиданд.

 

          МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ - ЗАМИНАИ ҲАЁТИ СОЛИМ ВА РУШДИ ВАРЗИШ ДАР НОҲИЯ

 

                                                           ЛИГАИ ОЛӢ “Панҷшер”

   Дар даври аввал бо “Ҳулбук” бозӣ мекунад Дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар доираи бозиҳои даври аввали Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бо дастаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ дидор анҷом медиҳад.

 

БАРГУЗОРИИ СИТОД ОИД БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Пайёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. 

             МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ҲХДТ”

   Бо пешниҳод ва ташаббуси Президенти федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, аз тарафи СММ 25 май ҳамасола ҳамчун “Рӯзи байналмилалии футбол” таҷлил карда мешавад. Дар ин замина, бо мақсади татбиқи босамар ва ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, солимгардонии ҷомеа, таҳкими ваҳдату ҳамдилӣ миёни дастаҳои ғайрикасбӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли ҷавони мамлакат, бахшида ба 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ин санаи муҳим дар асоси Фармоиши Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2024, №42, футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбӣ барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” доир гардида истодааст.

РӮЗИҶАҲОНИИФУТБОЛТАҶЛИЛКАРДАШУД.

   Рӯзи 25 майи соли 2024 нахустин маротиба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ қабул гардида буд, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд. Дар чорабинӣ муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов, муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ ва беш аз 300 кӯдакону наврасон иштирок доштанд. Сараввал, Исроил Шарипов суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳимояти Созмони Милали Муттаҳид 25 май бо қабули қатъномаи махсус «Рӯзи ҷаҳонии футбол» эълон карда шуд.

                                       ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

     Дар толори Қасри фарҳангии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санаи 21 майи соли 2024 бо иштироки раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва наврасону ҷавонон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло насли ҷавонро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният намуда, қайд намуд, ки насли ҷавон ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олии мо имрӯзҳо бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти ояндаи Ватани маҳбубамон саъю талош карда, дар бештари соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Аксари ҷавонони бонангу номуси ноҳия дар пайи таҳсил, интихоби касб ва аз худ кардани техникаву технологияҳои муосир талош намуда, дар дохилу хориҷи мамлакат илму донишҳои муосир ва барои кишвару ноҳияаамон заруриро аз бар карда истодаанд. Гуфта шуд, ки қисме аз ҷавонон бо азму иродаи матин дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва сохтмонҳои бузурги кишвар заҳмат мекашанд, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла дар ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияту оромии давлат ва ҷомеа қарор доранд ва иддае Парчами Тоҷикистони азизро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баланд мебардоранд. 

 ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

      Санаи 15 майи соли 2024 зимни сафари кории раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Насриддинзода Рамазон ба ноҳияҳои минтақаи Хатлон бо гирандагони стипендияи Президентӣ аз ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хусрав бо мақсади қадршиносии барандагони озмуни Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша - чорабиниҳои Моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” ҳамоиш доир гардид. 

 

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАЙНИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ НОҲИЯ”

  Соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа ба шумор рафта, тарафдорони махсуси худро дорад. Боиси хушнудии ҷавонон аст, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар пайваста ба масоили дастгирии давлатии ҷавонон таваҷҷуҳҳои назаррас зоҳир мегарданд. Бахусус, футбол яке аз намудҳои оммавитарини варзиш ба ҳисоб рафта, он на танҳо ҳамчун падидаи варзишӣ, балки ҳамчун падидаи сиёсӣ эътироф шудааст. Футбол аз ҳама намуди маъмул ва дӯстдоштатарини омма буда, механизми муҳим барои инкишофи ҷисмониву руҳӣ ва тарбияи шахс ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати рушд ва тақвият бахшидани футбол Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 роҳандозӣ гардидааст. Дар ин замина санаи 3 майи соли 2024 маросими кушодашавии футболи хурд байни ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти “Ҷоми раиси ноҳия” бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани "Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон", ки бо дастгирии бевоситаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло ба роҳ монда шудааст, оғоз гардид. Тибқи Низомнома мусобиқаи мазкур то санаи 17 майи соли 2024 идома ёфта, он дар арафаи "Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон" ҷамъбаст мегардад.

 

 

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30