ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС БЕТАФОВУТ НАБОШЕД.  

    12 марти соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Рустам Мирзоев, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ Нурализода Суҳроб, комиссари ҳарбии ноҳия Ҳасанализода Саидакбар, раисони маҳалла, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва имомхатибон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 9 марти соли 2024 бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин доир гардида буд, вохӯрии судбахш баргузор гардид. Дар вохӯрӣ оид ба самтҳои «Таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандустӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии наврасону ҷавонон, эҳтироми арзишҳои либоси фарҳанги миллӣ ва пешгирии ҷалби наврасону ҷавонон ба ҷараёну равияҳои экстремистию террористӣ суханронӣ намуданд.

                            МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ - БЕҲБУДИИ ҲАЁТИ ФАРЗАНДОН

         Дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар самти пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ноболиғону ҷавонон, зӯроварӣ, хариду фурӯши инсон, рафти иҷрои қонунҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъуляти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» бо иштироки Барно Саидова - сармутахассис - котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Ҷавоҳир Риоева - сармутахассиси бахши кор бо занон ва оила, Хайринисо Қаҳорова-сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷамоатҳои деҳоти Ҳалевард, Золи Зар ва Навоӣ байни волидайн, омӯзгорон ва хонандагон вохӯрии судманд доир карда шуд. 

 ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ КОРҲОИ ОБОДОНӢ БО МАРОМ ИДОМА   ДОРАД.

    Санаи 17 октябри соли 2023 раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷамоати деҳоти Золи Зар Баротзода Фаридун аз вазъи сохтмон, таъмири ҷорию капиталии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷамоати деҳоти Золи Зар дидан намуданд. Ҳангоми шиносоӣ сохтмончиён иброз доштанд, ки корҳо тибқи нақша идомаёфта, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимии №№23,24,28 то ҷашни Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд. Дар натиҷаи боздиди муассисаҳои таълимӣ бо фаъолони ноҳия ҷаласаи корӣ баргузор гардида, зимни суханрониашон раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омоданамоии мутахассисони босаводу донишманд ва истифодаи усулҳои нави таълим, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ёдовар шуданд. Инчунин ба масъулин ҷиҳати камбудиҳои ҷойдошта ва ҳарчӣ зудтар ба итмом расонидани таъмиру сохтмонҳои муассисаҳои таълимӣ супоришҳои мушаххас дода шуд. Сипас ба як қатор шахсоне, ки дар сохтмонҳои муассисаҳои таълимӣ саҳми арзандаи хешро гузоштанд, Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тақдим карда шуд.

                               ЗАБОНИ ТОҶИКӢ - МОЯИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

    Аз овони хурдӣ то давраи пиронсолӣ ҳаёти инсон бо забон алоқаманд мебошад. Тифл сухан гуфта наметавонад, вале ӯ садои аллаи модар, инчунин нақли афсонаи бибияшро дарк намуда, гӯш медиҳад. Ҳама корҳое, ки мову шумо дар рӯйи замин анҷом медиҳем, ин ҳама бо воситаи забон ба вуқуъ мепайвандад. Забон воситаи муоширати инсон дар ҷамеа аст. Дар баробари ташаккулёбии ҷомеа забон низ ташаккул меёбад. Бе донистани забон, илм, техника, касбу ҳунарҳо ва умуман, пешрафти фарҳанги башарият ғайри имкон аст. Дар баробари донистани забон, ҳар як соҳибзабон бояд маънои луғавии онро хуб дарк намуда, ҳангоми истифодабарӣ қоидаҳои имлои забони давлатиро риоя намояд. Воқеан ҳам, бузургии забон ҳамин аст, ки мо имрӯз халқи тоҷик забони бузурги худро дорем ва олимону мутуфаккирони машҳурамон ба монанди Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва Камоли Хуҷандӣ дар эҷодиёташон нишон додаанд, ки миллату забони мо фарҳангӣ буда, дар ҳама ҳолат ҳувияти илмиву адабии худро нигаҳ медорад. 

БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИР АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

          Бо мақсади шиносоӣ аз вазъи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил, хусусан, таъмини муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсию бадеӣ, ҷойи нишаст, технологияи муосиру озмоишгоҳҳои таълимӣ, таъмири ҷорию капиталии муассисаҳои таълимӣ, ороиши синфхонаҳо, санаи 17 августи соли 2023 муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ва сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Сафарзода Ғазалшо аз муассисаи таълимии №23, муассисаи таҳсилоти томактабии №3 ва мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия дидан намуданд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия меҳмонон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ҳамзамон доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омоданамоии мутахассисони босаводу донишманд ва истифодаи усулҳои нави таълим, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ёдовар шуда, зикр доштанд, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва чанде дигар як қатор тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст.

                                        БОЗДИД АЗ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ

        Муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо санаи 1 августи соли 2023 аз вазъи нигоҳубинии гигиенаи шахсии кӯдакон ва раванди таълиму тарбияи онҳо аз муассисаҳои томактабӣ №№1 ва 2-и ноҳия дидан намуд. Сангализода Қумриниссо риояи гигиенаи шахсии кӯдаконро яке аз шартҳои ҳаёти оддӣ ва солимӣ арзёбӣ намуда, зимни вохӯрӣ бо мураббиёни муассисаҳои зикршуда афзуд, ки гигиенаи кӯдакон ва наврасон як маҷмӯи қоидаҳои гигиенӣ, ки ба нигоҳубин ва таҳкими саломатӣ нигаронида шудаанд, мебошанд. Асосҳои гигиенаи кӯдак ба наврасон меъёрҳои барои нигоҳдории дурусти ҷисм, истифодаи дурусти маҳсулоти хӯрока, либос ва пойафзолро дар бар мегиранд. Чун ҷузъи муҳими консепсияи гигиенӣ, меҳнат, истироҳат, режими рӯзона ва ғизо ҳал карда мешавад. -Таълиму тарбияи томактабӣ раванди мақсадноке, ки қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабиро инкишоф дода, ба оила, падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар таълиму тарбияи кӯдакон, инчунин омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ мусоидат мекунад, -иброз намуд Сангализода Қумриниссо.

 

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД

         Бегоҳирӯзии 26 июли соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон оид ба рафти санҷиши корҳои сохтмонӣ бо масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ҷамоати болозикр, раисони маҳалла ва падару модарон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия баргузор гардид. Раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон ҷиҳати боздид аз корҳои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ин ҷамоат, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон ва кумитаи падару модарон амалӣ шуда истодааст, дидан намуданд. Раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон ба масъулин ҷиҳати омодогӣ ба оғози соли хониши 2023-2024 ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияи хонандагон супоришҳои мушаххас доданд. Зимни боздид бо директорони муассисаҳо ва сохмончиён суҳбат намуда, иброз доштанд, ки корҳоро бо сифати баланд ва дар вақташ ба анҷом расонанд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки назоратро аз болои тозаву озода нигоҳ доштани муассисаҳои таълимӣ пурзӯр намоянд. Сипас ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо суруду навоҳои дилнишину ватандӯстона хотири ҳозиринро болида гардониданд. Аксбардор: А. Шерматов

                            БОЗДИД АЗ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ

    Санаи 20 июли соли 2023 муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо барои шинос шудани корҳои таъмири муассисаҳои томактабӣ аз љумла муассисаи томактабии Президентӣ ва муассисаи томактабии №8 шинос шуд. Сангализода Қумриниссо зимни боздиди муассисаҳои мазкур вобаста ба тарбияи кӯдакони синни томактабӣ ба мураббиён ва масъулин маслиҳатҳои муфид доданд. Ёдовар бояд шуд, ки дар ноҳия 17 адад муассисаҳои томактабӣ фаъолият намуда истодаанд, ки дар онҳо 1408 кудак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

 

ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДӮХТАНИ ЛИБОСИ ЯГОНАИ МАКТАБӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

   Имрӯз 12 июли соли 2023 муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо аз рафти дӯхти либосҳои ягонаи мактабии ҶДММ «Сомон-И 2013» воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Балх ва коргоҳи дӯзандагии «Фирӯзаи Исматулло»-и Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуд. Дар ҶДММ «Сомон-И 2013» 20 нафар кормандон фаъолият намуда истодаанд, ки онҳо то инҷониб 12 ҳазор либосҳои ягонаи мактабӣ барои солҳои хониши 2023-2024 дӯхтаанд, ки аллакай ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас карда шуд. ҶДММ «Сомон-И 2013» ва коргоҳи дӯзандагии «Фирӯзаи Исматулло» аз зумраи корхонаҳое ҳастанд, ки барои мактаббачагони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ либосҳои шинами мактабӣ ва барои кормандони беморхона хилъатҳову матоҳњои рӯкаш ва ҳамчунин либосҳои фарҳангӣ омода мекунанд. Айни замон дар корхонаҳои зикргардида дӯхтани либосҳои ягонаи мактабӣ бо маром идома дорад.

 МАВҚЕЪ ВА ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ   БАЛХӢ МУАРРИФНОМА

     Шукурова Шаҳло Тағойхоновна 9 апрели соли 1974 дар оилаи хизматчии давлатӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таваллуд шудааст. Соли 1991 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 - и ҳамин ноҳияро хатм намуда, аз соли 1994 фаъолияти кориро дар муассиссаи хатмкарадааш ба ҳайси омӯзгор оғоз бахшидааст. Маълумоти олиро дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиб шудааст. Айни ҳол ҳамчун директори ин муассисаи мазкур кору фаъолият дорад. Соли 2016 бо унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовор гаштааст. Дар баробари вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум, солҳои 2020-2025 будан, инчунин вакили Ҷамоати шаҳраки Балх даъвати сеюм, солҳои 2020-2025 интихоб гардидааст. 

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031