ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ КОРҲОИ ОБОДОНӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД.
Санаи 17 октябри соли 2023 раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷамоати деҳоти Золи Зар Баротзода Фаридун аз вазъи сохтмон, таъмири ҷорию капиталии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷамоати деҳоти Золи Зар дидан намуданд. Ҳангоми шиносоӣ сохтмончиён иброз доштанд, ки корҳо тибқи нақша идомаёфта, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимии №№23,24,28 то ҷашни Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд. Дар натиҷаи боздиди муассисаҳои таълимӣ бо фаъолони ноҳия ҷаласаи корӣ баргузор гардида, зимни суханрониашон раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омоданамоии мутахассисони босаводу донишманд ва истифодаи усулҳои нави таълим, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ёдовар шуданд. Инчунин ба масъулин ҷиҳати камбудиҳои ҷойдошта ва ҳарчӣ зудтар ба итмом расонидани таъмиру сохтмонҳои муассисаҳои таълимӣ супоришҳои мушаххас дода шуд. Сипас ба як қатор шахсоне, ки дар сохтмонҳои муассисаҳои таълимӣ саҳми арзандаи хешро гузоштанд, Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тақдим карда шуд.