ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНАИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2024, №99 дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024 то санаи 1 июн омодагиҳо ба роҳ монда шуда, дар ин бобат бо қарори Шӯрои шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 30 апрели соли 2024, №4 корҳои амалиро роҳандозӣ намудаанд. Тибқи иттилои мушовири шуъбаи маориф Тоҷибой Бозоров дар 14 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 350-нафар кӯдак, дар ду муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ 50 - нафар, дар умум 400 - нафар дар даври якум ба истироҳати тобистона ҷалб карда шудаанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 3460-нафар хонанда ба таври ройгон ба фароғати таълимӣ фаро гирифта шудаанд.