БАҲРИ ҲИФЗИ МАРЗИ КИШВАР ОМОДАЕМ! Дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ва бархурди манфиатҳои миллию сиёсии абарқудратҳо сар задани муноқишаи навбатӣ дар марзи кишвари ҳамсоя - Қирғизистон боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бо гузашти солҳо тарафдори ҷанг набуд ва ягона роҳи ҳалли масоили гуногуни сиёсию иҷтимоиро бо дарназардошти мусолиҳаву ризоияти тарафайн ба роҳ мемонад. Дар ин раванд яке аз иқдомҳои аввалине, ки роҳбарияти олии Ҳукумати кишвар аз рӯзи нахустини фаъолият амалӣ намуд, ин рӯй овардан ба "Сиёсати дарҳои боз" мебошад.