Бахшида ба Рӯзи китоб дар Китобхонаи марказии ноҳия намоиши китобҳо баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳия муҳтарам Убайдуллои Файзулло, муовинон, намояндагони шуъбаи маориф роҳбарони муассисаҳо, омӯзгорон ва хонандагон иштирок намуданд. Пеш аз оғози ҳамоиш дар саҳни бино намоиш - фурӯши китобҳои нашриёти ватанӣ доир гардид.
Директори Китобхонаи марказии ноҳия Имомзода Адолат иброз намуд, ки " китоб роҳнамо ва чашми бинои инсон аст ва ҳар шахсе, ки рӯ ба китоб биёрад, ба қуллаҳои баланди зиндагӣ расида метавонад. Китоб сармояи ақлу хирад аст, кони ганҷу маърифат буда ба роҳи рост раҳнамун месозад".