Санаи 16 августи соли 2022 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки намояндагони вилояти Хатлон Баҳриддин Ҳалимов ва Ҷамшед Юсупов, доираи васеи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид
Сараввал роҳбарияти ноҳия ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз намоиши дастовардҳои соҳаи маорифи ноҳия дидан намуданд.
Сипас раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло дар баромади худ ба тамоми кормандони соҳаи маориф дар соли 2022 миннатдории худро баён намуда, барои омодаги барои соли нави хониш дастуру супоришҳо дод. Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаашон соҳаи маориф ва илмро мақоми баланд додаанд ва пайваста омӯзгоронро талқин менамоянд, ки давлат яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеъа, яъне таълиму тарбияи наврасону ҷавононро бо боварии комил ба дасти онҳо супорад. Дар идома намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода омӯзгоронро ба соли нави хониш табрик намуданд.
Дар анҷом аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия собиқадорон ва омӯзгорони пешқадам, ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.