НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » Ифтитоҳи бинои Мактаби байналмилалии Президентӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
март 21 2022

Ифтитоҳи бинои Мактаби байналмилалии Президентӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

    21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Маҷмааи навбунёди фарҳангӣ, варзишӣ ва таълимии шаҳраки Балх бинои хуштарҳу муосири Мактаби байналмилалии Президентиро ба истифода дода, бо хонандагону омӯзгорон суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.

   Муассисаи таълимии мазкур барои 720 нафар хонандаи болаёқат дар як баст пешбинӣ гардида, дар асоси дастуру роҳнамоии бевоситаи Сарвари маорифпарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми соҳибкори ватанӣ Раҳматулло Саъдуллоев ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохта шудааст.

   Барои таълиму тарбияи насли ояндасоз дар ин даргоҳи маърифат 75 нафар омӯзгор ба кор ҷалб карда шуд.   

   Таълимгоҳ нахустин Мактаби байналмилалии Президентӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон буда, аз се ошёна бо таҳхона ва 36 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, лингафонӣ, таълими меҳнати писаронаю духтарона, китобхона, кабинетҳои омӯзгорону роҳбарият, ҳуҷраҳо барои баргузории маҳфилҳои гуногун ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

    Дар ин даргоҳи маърифат бо мақсади расидан ба ҳадафҳои асосии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлати Тоҷикистон ба омӯзиши илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, тамоми синфхонаҳо бо навтарин дастгоҳу аёниятҳои таълимии соҳа, аз ҷумла, компютеру тахтаҳои электронӣ ва дастгоҳҳои ҳунаромӯзӣ таъмин карда шудааст.        Мактаб ҳамчунин дорои озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ мебошад.  

   Маҷлисгоҳи муассисаи таълимӣ бо 240 ҷойи нишаст барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва вохӯриҳо хеле мувофиқ аст.

   Ошхонаи мактаб барои 300 нафар дар як вақт  пешбинӣ гардида, толору майдончаи варзишии он бо тамоми шароиту меъёрҳои замонавӣ таъмин  карда шудааст.  

   Бино бо нуқтаи алоҳидаи гармидиҳӣ пайваст буда, дар фасли зимистон гармии тамоми синфхонаҳо пурра таъмин карда мешавад.

prezident.tj

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Ифтитоҳи биноҳои хобгоҳ

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Ифтитоҳи

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Иштирок дар тантанаҳои

21 март дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Боздид аз намоишгоҳи

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 

Серхонанда