МО ХУН МЕДИҲЕМУ ХОК НАМЕДИҲЕМ! Дӯстӣ миёни халқҳои минтақа танҳо саодату хушбахтӣ меорад, вале душманиву ҷанг бошад рӯзи сахту харобӣ. Бояд гуфт, ки гузаштагони тоҷикон аз ҷое наомадаву маҳз дар ҳамин сарзаминҳои бобоӣ ба олами ҳастӣ чашм кушода рушд намудаанд. Ҳамчунин, мавзеи Хоҷа - Ғор яке аз бошишгоҳҳои қадимаи тоҷикон буда, дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун маскани бобоӣ дар идҳои "Наврӯз" ва дигар ҷашну маросимҳо барои сокинони ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва мардуми Исфара макони сайру сайёҳат, ҷашнҳои миллӣ буданд. Ин мавзеъ аслан дар асоси васиқаҳо ба сокини ҷамоати Чоркӯҳ Мулло Абдураҳмон Махсум ва фарзандони он кас Мулло Турсунбой-махсум тааллуқ дорад. Аз ин хотир қирғизҳо бояд дуруст донанд, ки қадами худро дар куҷо гузоранд. Ворух қисме аз хоки Ватани маҳбуби мо буда, пораи тани ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Мо ҳаргиз намегузорем, ки ба заминҳои мо бегонае дастдарозӣ бикунад. Мо хун медиҳему хок намедиҳем!
Саймумин Муродов, мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ