ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗ: АНЪАНА, ҲУНАР ВА ШОДИИ БАҲОРӢ
19 март соли ҷорӣ дар кӯчаи Балхи Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки васеи сокинони маҳалла ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Маросими таҷлил бо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии анъанавӣ оғоз ёфт, ки ҳунармандону ошпазони маҳаллӣ маҳсули ҳунари худро пешкаши меҳмонон намуданд. Дар ин намоишгоҳ анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла суманак, ҳалво, шириниҳо, нонҳои гуногун ва дигар хӯрокҳои наврӯзӣ, ҳамчунин сабзавотҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Роҳбарияти ноҳия, масъулини соҳа ва меҳмонони чорабинӣ аз ин намоишгоҳ дидан намуда, бо ҳунармандон ва намояндагони касбу ҳунарҳои мардумӣ суҳбат карданд.
Муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ зимни суханронии худ сокинони ноҳияро бо фарорасии баҳори нав ва иди Наврӯз табрик намуда, аз аҳамияти ин ҷашн дар эҳёи суннатҳои миллӣ, таҳкими дӯстиву ҳамбастагӣ ва эҳтироми фарҳанги миллӣ ёдовар шуд.