ШУКӮҲИ НАВРӮЗ ДАР ДИЛҲОИ МАРДУМ - БАЗМ, ҲУНАР ВА ВАҲДАТ
20 марти соли 2025 дар Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки васеи сокинони маҳалла, меҳмонони зиёд ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Барномаи ҷашнӣ бо боздиди муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ ва дигар масъулин аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии сокинони ҷамоат оғоз гардид.
Дар гӯшаҳои намоишгоҳ, ҳунармандони маҳаллӣ маҳсули эҷоди худ, аз ҷумла гулдӯзӣ, атласу адрасбофӣ, ашагулон ва дигар анъанаҳои миллӣ, инчунин хӯрокҳои суннатии наврӯзӣ, ба мисли суманак, оши бурида ва ҳалвои наврӯзиро ба маърази тамошо гузоштанд.
Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳунарҳои мардумӣ ва маҳорати ошпазони маҳаллӣ баҳои баланд дода, изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки чунин анъанаҳои миллӣ дар байни насли ҷавон ҳифз ва рушд дода мешаванд.
Дар идомаи чорабинӣ, муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ аз номи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло сокинонро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, таъкид кард, ки ин ҷашн ҳамчун рамзи эҳёи табиат, дӯстиву ваҳдат ва эҳтироми суннатҳои ниёгон ҳамасола бо шукӯҳ таҷлил мегардад.
Қурбонзода Қ. қайд намуд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни қадимаи тоҷикон, балки мероси ҷаҳонист ва Созмони Милали Муттаҳид онро ба феҳристи фарҳанги ғайримоддии инсоният шомил кардааст. Базми наврӯзиро сарояндаи маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддини Фахриддин бо сурудҳои дилнишини наврӯзиву ватандӯстона шукӯҳ бахшид. Иҷрои ӯ бо кафкӯбиҳои бардавоми тамошобинон истиқбол гирифта шуд.
Ҳамчунин, гурӯҳҳои рақсии бонуфузи ҷамоати мазкур ва гулдухтарони деҳотӣ бо иҷрои рақсу сурудҳои анъанавии наврӯзӣ ба чорабинӣ ранги дигар бахшиданд.
Дар охир, чорабинии ҷашнӣ бо рақсу бозии дастаҷамъонаи сокинон, шодиву нишоти наврӯзӣ ва орзуву таманниёти нек ба поён расид. Таҷлили бошукӯҳи Наврӯз нишон дод, ки ин ҷашн дар байни мардум ҳамчун рамзи сарҷамъиву якдилӣ ва эҳёи суннатҳои неки миллӣ мақоми баланди худро нигоҳ медорад.