НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ШУКӮҲИ НАВРӮЗ: ИДИ АҶДОДӢ БО РАСМУ ОИНҲОИ МИЛЛӢ ТАҶЛИЛ ГАРДИД
март 27 2025

ШУКӮҲИ НАВРӮЗ: ИДИ АҶДОДӢ БО РАСМУ ОИНҲОИ МИЛЛӢ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

                           ШУКӮҲИ НАВРӮЗ: ИДИ АҶДОДӢ БО РАСМУ ОИНҲОИ МИЛЛӢ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

   Субҳи 23 марти соли 2025, Корвони Наврӯзӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ворид шуда, ба сокинони ин диёр омадани Наврӯзи ҷаҳонафрӯзро мужда дод. Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Алиҷон Абдуҷалол, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сокинони сершумор дар Варзишгоҳи марказии "Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил гардид. Дар оғози чорабинӣ, роҳбарияти ноҳия аз дастовардҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ки дар намоишгоҳ муаррифӣ шуданд, дидан намуда, бо заҳматкашон ва ҳунармандон мулоқот карданд. Дар ин намоишгоҳ ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва суннатҳои наврӯзӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд. Ҳар як ҷамоат ва корхонаву ташкилотҳо бо ороиши дастархони идона ва пешниҳоди расму русуми хоси худ ҷашни Наврӯзро боз ҳам ранги тоза бахшид. Меҳмонон бо иштироки худ аз хӯрокҳои анъанавӣ, аз ҷумла суманак, ош, фатирмаска, шириниҳои хонагӣ ва дигар таомҳои миллӣ дидан карданд. Сипас, раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло ба сухан баромада, ҳамагонро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуд ва таъкид кард, ки ин иди ниёгон на танҳо таҷассуми бедории табиат, балки рамзи ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳёи фарҳанги ғании мардуми тоҷик мебошад.

Эзоҳ:

  1. Kimberly (Гости)

    30 май 2025 06:08 0 Эзоҳ-

    Superb posts, Thank you. casino en ligne You have made your stand very well.. casino en ligne Terrific forum posts. With thanks! casino en ligne Kudos. A good amount of material! casino en ligne You actually expressed that adequately! meilleur casino en ligne Reliable tips Kudos. casino en ligne You've made your point extremely well!! casino en ligne Good material Thanks! meilleur casino en ligne Thank you, Lots of advice! casino en ligne francais Superb write ups Kudos! meilleur casino en ligne

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 27 март 2025 15:46
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 78
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 1

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
27 март 2024
Асосӣ / Фарҳанг
ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ

ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
25 ноябрь 2023
Асосӣ / Фарҳанг
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ

ТА Ҷ ЛИЛИ Р Ӯ ЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ Ҷ УМ Ҳ УРИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ АЛОЛИДДИНИ БАЛХ Ӣ Бахшида ба иди Рӯзи

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30