НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБРАМИ ИҶТИМОӢ
май 06 2025

БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБРАМИ ИҶТИМОӢ

                                           БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБРАМИ ИҶТИМОӢ

   2 майи соли равон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии аҳолӣ ва таъмини риояи қонунҳои амалкунанда дар деҳаи Талхачашмаи Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ баргузор шуд. Дар ин вохӯрӣ муфаттиши калони прокуратураи ноҳия Исматзода Амирҳамза Шамсулло, раиси Ҷамоати деҳоти Ҳалевард Имомзода Адолат ва сокинони маҳаллӣ ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла истифодаи сарфакорона ва пешгирии дуздии неруи барқ, танзими ҷашну маросим, инчунин хатарҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароиву террористӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муфаттиши калони прокуратура Исматзода Амирҳамза зимни баромади худ таъкид кард, ки мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолатҳои дуздии неруи барқ на танҳо зарари иқтисодӣ мерасонанд, балки ҷинояти ҷазоёбанда ба ҳисоб мераванд.

Ӯ даъват ба амал овард, ки ҳар як шаҳрванд бояд масъулиятшинос бошад ва дар истифодаи захираҳои энергетикӣ сарфакорона рафтор кунад. Раиси ҷамоат Имомзода Адолат аз саҳми мақомоти маҳаллӣ дар баргузории чунин чорабиниҳо ёдовар шуда, изҳор дошт, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва роҳандозии ташаббусҳои маърифатӣ барои таъмини суботу амният ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ аҳамияти махсус доранд.

Сокинон бо таваҷҷуҳ ба масъалаҳои баррасишуда гӯш доданд ва бархе аз онҳо дар қисмати пурсишу посух саволҳои марбут ба қонунгузорӣ, истифодаи қувваи барқ ва танзими маъракаҳоро пешниҳод намуданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ иштирокчиён бо тавсияҳои муфид ва маводи иттилоотӣ таъмин шуданд. Қарор аст, ки чунин мулоқотҳо дар дигар деҳаҳои ҷамоат низ баргузор гарданд.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 06 май 2025 13:18
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 104
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
29 апрель 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Мақомоти иҷроия
ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ

ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Асосӣ
ВОХӮРИИ СУДМАНД

ВОХ Ӯ РИИ СУДМАНД Санаи 18-уми октябри соли 2022 тибқи нақша-чорабиниҳои Прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30