Календар
«    Июль 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
АРЗИШИ БУЗУРГЕ, КИ МОРО МУТТАҲИД МЕСОЗАД, ИН БАҚОВУ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ АСТ.
25-06-2020, 12:43 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Андешаҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон,  муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдусаломзода А.


         Саодати бузурге, ки миллати сарбаланди тоҷик бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ба даст овардаааст, бақову пойдории ваҳдати миллӣ аст. Ваҳдати миллӣ, ки рукни асосии  рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад,  ба мардуми сарбаланди тоҷик, аз ҷумла ба занону бонувон имконият фароҳам овард, ки бо дарки масъулияти баланд ва ташаккули афкору андешаи миллӣ дар рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муассир гузоранд.  

         Ҳамин аст, ки занону модарони боиродати кишвар дар баробари садҳо нафар мардони далеру ҳушманд дар ҳифзи ин арзиши олӣ нақши бориз дошта, ҳамчун сипари боэътимод дар сафи пеши ҳимояти ин неъмати бебаҳо қарор доранд.    

         Занони андешаманди тоҷик ба он арҷ мегузоранд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рузҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи баробарҳуқуқии занону мардон ва боло бардоштани мавқеи занонро дар меҳвари сиёсати давлатдорӣқарор дода,  дар ин самт як қатор асноди меъёриву ҳуқуқӣ ба тасвиб расид, ки асоси самаранокии таъмини онҳоро Конститутсияи кишвар кафолат додааст.

         Дар саргаҳи рушди давлатсозию давлатдорӣ ва пойдории сулҳу салоҳи кишвар пеш аз ҳама    нақши   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле арзишманд ва дар пояи баландтарин меистад. Бо дарки ин мафҳуми олӣ мо занону бонувон тамоми корҳои азиму  назаррасеро, ки то имруз дар ватани маҳбубамон амалӣ мегарданд,  натиҷаи заҳматҳои шабонарузии Пешвои муаззами худ арзёбӣ менамоем.  

         Занону бонувон ҳамчун ниҳоди қудратманди ҷомеа аз рузҳои аввали соҳибдавлатӣ иродаи  устувори сиёсии роҳбарияти давлатро хуб дарк намуда,дар шароити хеле ҳассосу сарнавиштсоз дар тамоми ҷабҳаҳо мавқеи устувори худро нигоҳ дошта меоянд. 

         Имруз низ фаъолияти сиёсии занон дар парлумони касбии мамлакат ва маҷлисҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ собит менамояд, ки онҳо бо дарки воқеият, дониши баланди сиёсӣ ва таҷрибаи ибратбахшу нодир метавонанд санадҳои меъёрию ҳуқуқиеро, ки ҳаёти имрузаи моро ба танзим медарорад, эҷод ва таҳия ва қабул намоянд. Қабул ва тадбиқи босамари Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи  фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”, ки дар ташаккули шахсиятҳои нодиру  баркамол саҳм гузошта, ҷиҳати аз байн бурдани андешаҳои хурофотӣ мусоидат намудааст, далели возеҳ ба ин аст. Дар ин замина зина ба зина боло рафтани сафи занҳои роҳбарикунанда дар сиёсат ва иҷрои вазифаҳои хизмати давлатӣ эътирофи самаранокии фаъолияти занону бонувон дар ҷомеа аст, ки дар фазои пойдории ваҳдату якдилӣ бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ру ба инкишоф аст.

         Яке аз ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати  кишвартаъмини истиқлолияти озуқаворӣ арзёбӣ гардида, саҳми арзандаи занону бонувон дар рушди ин соҳаи афзалиятноки мамлакат хосса аст. Истифодаи самараноки обу замин ва аз як замин гирифтани ду ва ё зиёда ҳосил аз он, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии хушсифат ва дар ин заминаистеҳсол ва афзун намудани маҷмуи маҳсулотдар баробари дигар вазифаҳо ба масъалаи мубрами занони кишоварз табдил ёфтааст. Бо таҳлил ва мушоҳидаҳо метавон гуфт, ки имруз  аксари қувваи қобили меҳнат аз ҳисоби занону бонувон дар деҳот зиндагӣ намуда, яке аз қишрҳои асосии таъминкунандаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва омили  фаровонии бозори истеъмолӣ арзёбӣ мешаванд. Занону бонувони мушкилнописанди тоҷик бо дарки дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар шароити ба миён омадани буҳрони молиявии ҷаҳонӣ вобаста ба паҳн шудани бемории сирояти коронавирус (covid-19) ҷиҳати захираи дусолаи маводи ғизоӣдар рушди соҳаи кишоварзӣва таъмини сабади истеъмолии кишвар  нақши муҳим доранд.

         Бо шукронаи тинҷиву оромӣ ва суботи сартосарӣ  занону бонувон кушиш менамоянд, ки дар ҳаёти иҷтимоии ҷомеа низ мавқеи сазовор дошта бошанд.  Ба ин қишри соҳибэҳтироми ҷомеа хос аст, ки табиби ҳозиқ ва тарбиятгари асил бошанд ва бо касби эҳтироми мардум дар сафи пеши амалӣ намудани ҳадафҳои маорифпарваронаи роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ва ҳифзи сиҳатии омма қарор бигиранд. Рушди ин соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ мавриди  амалкарди домии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, бунёди инфрасохтори соҳа бо назари некбинонаи Пешвои миллат аз ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол башорат медиҳад.  Занону бонувони тоҷик аз ин имкониятҳои мувофиқ истифода намуда, бо ифодаи нақши зан ва модари босавод дар таълиму тарбияи фарзандон дар муҳити оила ва ҷомеа мавқеи устувор доранд. Зеро онҳо бо дарки вазъи печидаву мураккаби бархурди тамаддунҳо ва ба миён омадани масъалаҳои ҳассоси  геопалитикии хатарзои ҷаҳонӣ  аз минбари баланди андешаҳои комили худ   дар замири насли ояндаи кишвар пеш аз ҳама мафҳуми соҳибдавлатӣ, пойдории тинҷиву осоиш, суботу оромӣ, ҳисси баланди кордонӣ   ва ташаббускориро меомузанд, то анъанаи насли калонсоли худро идома дода, дар таҳкими арзиши муҳими давлатдорӣ- ваҳдати миллӣ нақшигустурда гузоранд. 

         Таҷриба ва таҳлили  зуҳур кардани бемории сироятии коронавирус дар миқёси ҷаҳон, аз ҷумла давлати Тоҷикистон собит намуд, ки занону бонувониҳозиқи кишвар ягон соат касби ифтихории худро тарк накарда, баракс бонувони табибе, ки дар синни ниҳоии нафақа қарор доштанд, тасмим гирифтанд, ки то  бартараф  намудани таҳдиди хатари ин бемории хавфнок  аз таҷрибаи ғании андухтаи худ беморонро дармон бахшанд. 

         Дар фазои роҳатафзои тантанаи ваҳдати комили кишвар занону бонувони тоҷик имкон пайдо намуданд, кифарҳанги пурғановати миллати сарбаланди тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда,  дар ташаккули   фарҳанги миллӣ низ муваффақ гарданд.    Ин ташаббусро ба даст гирифта, бонувони соҳибҳунари тоҷик дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат рукни асосии фарҳанги миллӣ - либоси миллиро бо тарҳи ҷадиду муосир таҳия намуда, дар арсаи олам маъруф гардониданд. Ба феҳристи фарҳанги ғайримоддии башар шомил гардидани чакан посдору меросбар ва тарғибгари осори пурғановати тамаддуни қадима будани   занону гулдухтарони тоҷикро бори дигар собит менамоянд. 

         Дар ҳамин замина эълон гардидани солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ тахайюли эҷодии занону бонувонро тақвият бахшида, вожаҳои муқаддаси Истиқлолият, Тоҷикистон ва Ваҳдат дар нақшу нигори миллии мо бо касбияти баланди ҳунари гулдузӣаз муҳаббати баланди ватандорӣҳамчун рамзи ифтихори сарзамини беназир - Тоҷикистони биҳиштосо ифода ёфтанд. 

         Таърихи пурғановати гузаштаи миллати тоҷик собит менамояд, ки занону бонувон дар ҳар давру замон бо масъулияти баланди ватанпарастӣ ва ҳифзи арзиши олӣ - сулҳу субот дар ташаккули давлатдорӣ саҳми арзанда доштанд ва  ин рислатро то имруз ба ивази ҷону тан дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар низ ҳимоят намуда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ мавқеи худро мустаҳкам менамоянд. 

    Солҳо мегузаранд, наслҳо иваз мешаванд, равандҳои сиёсӣ вобаста ба шаклҳои гуногуни давлатдорӣ низ дигар мешавад, вале зан модар, ки ҷавҳари уро муҳаббату самимият ва покию иффат ташкил медиҳад, ба ҳайси неруе боқӣ мемонад, ки инсоният ҳамеша ба ў эҳтиёҷ дорад.

         Мо занону модарони тоҷик пойдории оромию осоиш, табассуми кудакону хушбахтии ҷавонон ва тинҷиву осоиши хонадонро дастоварди беназири соҳибдавлатӣ ва натиҷаи заҳматҳои шаборузии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, бобати ҳифзи ин музафариятҳо   ҳамеша омода ҳастем. 

         Дар масири ҳимояти ин комёбии боарзиш ва обод намудани ватан иродаи мо занону бонувон  устувору қавӣ аст ва маҳз ҳамин якдилӣ  ба мо имкон додааст, ки мафҳуми ваҳдату якдилиро  илман асоснок намуда, моҳияти аслии онро ба ҷавонон омузем. Дар ин радиф ҳар яки мо вазифадорем, ки  ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани ваҳдату осудагии мардумаҳлона заҳмат кашем, ҳар як иқдоми арзишманди Пешвои миллатро қадр намоем ва Тоҷикистони азизамонро бо меҳнати шоиставу арзанда боз ҳам ободу зебо гардонем. 

         Зеро арзиши  бузурге, ки моро боз ҳам муттаҳид месозад, ин бақои ваҳдату суботи кишвар аст.

скачать dle 12.1
Просмотров: 16  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.