http://balkhi.tj/
ВОҚЕЪИЯТИ ТАЪРИХ ВА ХИЁНАТҲОИ НАҲЗАТ
9-07-2020, 10:05 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ВОҚЕЪИЯТИ ТАЪРИХ ВА ХИЁНАТҲОИ НАҲЗАТ

         Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ як давраи гузариши шадидеро аз сар гузаронд, ки дар саҳифаҳои зарҳалини таърихӣ абадӣ ва ҷовидон хоҳад монд.

                 Ин давраро метавон давраи торикӣ ва зулмот номид ва он аз тарафи баъзе нафароне ба вуқӯъ пайваст, ки ба душманони худ ноандешидаву нодида боварӣ карданду зери нияти разилонаву золимонаи онҳо амалҳои нопокро анҷом доданд.

                 Ин гуна афрод аз фурсатҳои муносиб истифода бурда, теъдоди зиёди ҷавонмардонро аз роҳ бадар намуданд, нисфи зиёди мардумро куштанд, бештари кӯдаконро аз волидайн ҷудову саргардон ва бепарастор намуданд, дили модарони озурдаву ҷигарсӯз ва чашмони пирону солхӯрдаро ба ашки хун олуда карданд. 

            Қариб тамоми мардум- тоҷикону тоҷикистониён ба ояндаи худ боварӣ надоштанд ва ноумедиро дар дил парвариданд.

    Дар он лаҳзаҳо неруҳои зиёди дохиливу берунӣ баҳри ба даст овардани ҳукумат талошу кӯшишҳои зиёдро ба харҷ доданд. Кӯшишу талоши онҳо ба таври истисморӣ ва зулмоварӣ сурат гирифт ва шаҳодати ин гуфтаҳо наворҳое мебошанд, ки он давраҳоро равшан ва дақиқ таҷассум мекунад.

                Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», ки имрӯзҳо дар шабакаҳои марказии телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш, бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, маълумот медиҳад.

                 Навори мазкур аз корҳои ношояму нописандида ва амалҳои террористӣ-экстремистӣ, ки аз тарафи собиқ «Ҳизби Наҳзати Ислом» (ҲНИ) рух дода буданд, шаҳодат дода, чеҳраи воқеии хоинони миллати тоҷикро аз забони шоҳидони воқеии ҳодисаҳои террористию экстремистӣ ошкор месозанд. 

                 Дар он ҳамаи он халафкориҳое, ки аз ҷониби роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом ба ҳамагон нишон медиҳад.

                 Дар партави ин филм дидани манзараҳои ваҳшатангез, терори чеҳраҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмии тоҷик, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, гаравгонгирӣ ва харобу валангор намудани манзилҳои зисти сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ки тайи солҳои 90-ум ва баъди он наҳзатиҳо анҷом доданд, дар зеҳни ҳар бинанда андешаи онро, ки «оё тоҷик ба чунин ваҳшоният қодир аст?» бедор мекунад.

                 Бо доштани чунин собиқаи талх ва шум имрӯз ҳам иддае дар шакли гурӯҳҳакҳои ба ном мухолиф пойгаҳи дари аҷнабиёнро манзил карда, худро инсондӯст, ҳомии ҳуқуқи инсон меҳисобанд ва дубора мехоҳанд саҳнаҳои мудҳиши таърихиро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол такрор кунанд.

Мутаассифона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифини тоҷик аз ҷумла нафароне, ки сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ, даҳсолаҳо ба қафо бурдани иқтисодиёти кишвар гардида буданд, худро «малоики бегуноҳ» вонамуд карда, ба ҷои оне, ки дар мусибати миллат атрофи халқ бошанд, ба иғвоангезию ҷорӣ кардани тарсу ваҳм миёни аҳолӣ машѓул шуданд.

                 Филми «Хиёнат» симои аслии наҳзатиёнро бори дигар ба мардуми тоҷик нишон дода, дасисаю иғвоангезии онҳоро фош сохт ва мардум бо дидани ин филми ҳуҷҷатӣ бори дигар аз хиёнату разолат, ҷаҳолату ваҳшониёт, қатлу куштор, ноодамиву бедодгариҳои наҳзатиён огоҳ шуданд.

                Бори дигар мо ҷавонони саодатманд ва мардуми азияткашида, огоҳ гардидем, ки роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати ислом чигуна мисли каждуми зери бӯрё ба мафкураи мардум ва ҷавонон андешаҳои нопоку нақшаҳои хиёнатпешагиро ҷой додаву онҳоро ба сӯи хонавайрониву ватанхаробӣ, динситезиву бедодгарӣ роҳнамоӣ мекунанд. 

                 Ҳамагон дар арафаи истиқболи ҷашни бузурги миллиамон- 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ ки яке аз санаҳои муҳими тақдирсози ватанамон маҳсуб меёбадқарор доремФазои орому осудаи

 ватанамон ҳар яки моро ҳушдор менамоядки ҳарнафас бо шукргузорӣ зиндагӣ карда

пайи ободии давлатамон ва ташаккули соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқ талош варзем.

                 Муҳаббати мо муҳаббат ба Ватан аст. Тапиши бонизоми қалбҳои мо низ аз амну оромиву осоиштагии фазои Тоҷикистони озоди мост

Меҳр ва эҳсоси баланди муҳаббат ба Ватан дар колбади ҷисми озодиҳоҳи шахси ватанпарвар

 туғён менамояду соҳибашро ба корнамоиҳои бемисл роҳандозӣ менамоядЧуноне ки аз

 ҳазорсолаҳо то инҷониб таърихи башарият бо номи шахсиятҳои бузург ифтихор доранду

 номи некашонро дар саҳифаҳои таърих бо хатҳои заррин сабт кардаандНоми фарзанди

 асили миллати тоҷикқаҳрамони ТоҷикистонАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар қатори дигар бузургони ҳар давру замондар даврони

 давлатсозии навини тоҷикон чун офтоби нурафшон ва ситораи дурахшон таҷалло кард.

 Фазилатҳои табии шахсӣ ва фаъолияти пурсамари меҳнатиашон дар роҳи Ватансозӣ мояи

 ифтихори мост!

                 Маълум, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣТоҷикистон ба мушкилотҳои сиёсӣ ва бархӯрди мансабталошон

 рӯ ба рӯ гардидРӯзҳои фоҷиабори солҳои аввали истиқлолиятсозӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавадТаърихи давлатсозии халқияту миллатҳои рӯйи дунё аз қадим то ба имрӯз собит карда будки истиқлолиятсозӣтаҳкими пояҳои онҳифз ва рушду камоли 

он кори саҳлу содда набудВале мардуми таҳаммулпазир ва хирадманиши тоҷикон ба

 Пешвои худ бовару эътимод кардандАз соли 1992 мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои худ

 интихоб карданд ва аз пайи ӯ барои бунёди давлати навини тоҷикон устуворона қадам гузоштанд ва таҳкими 

пояҳои истиқлолиятро давра ба давра таъмин намуданд

                 Аҳли башар дар асри 21 ба раванди ҷаҳонишавӣбархӯрди тамаддунҳобуҳрони шадиди сиёсӣиқтисодиву молиявӣ ва

 паҳншавии бемории нави сироятӣ рӯ ба рӯ гардидаастХатари доман паҳн кардани

 бемориҳои сироятӣаз ҷумла СOVID-19 сайёраро ба ташвиш овардаҳамчун мушкилоти аср,

 муаммо ва дар тафаккури инсонҳо ҳалношуданӣ боқӣ мемонадВале таҷрибаи рӯзгор собит кардаастки дар ҳамаи 

давру замонҳо ҷони одамият бо хатарҳо рӯ ба рӯ гардидаву бо амри тақдир ва бо донишу

 саводи фарзандони худогоҳаш бартараф гардидаамнияти солимии наслҳо ҳифз карда мешуд.

                 Мо, сокинони ноҳиямураккаб будани вазъи ҷаҳони муосирро эҳсос намудабарои бартараф намудани

 ҳамагуна таҳдиду хатарҳои берунаву дохилаки ба амнияти милливу давлатӣ ва суботи

 томи ҷомеа таҳдид менамояндомода ҳастем

                 Сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ метавонадки давлати азизи моро аз кулли ҳодисаву

 воқеаҳои нохуши ба миёномада эмин нигаҳ дорадМуборизаи мо бар зидди намояндагони

 собиқ ҳизби мамнӯъшудаи наҳзатки айни замон хориҷ аз кишварамон қарор доранд ва пайваста бо ҳарзагуйӣ ва тӯҳматҳои беасос ба номи Ватани маҳбуби мо иснод меоранд, беамон ва шикастнопазир аст! 

                 Ҳар лаҳзатайёр ҳастемки барои ҳифзи Ватани маҳбубамон–Тоҷикистони соҳибистиқлол қадами устувори аввалин гузорем

                 Ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ ва суннативу мазҳабӣэҳтиром ба муқадассоти давлатиро шарти муҳими кору фаъолият ва зиндагӣ шумориданаслҳои ояндаро

 дар ин роҳ тарбият кардафарзандони шоистаи ватандӯстро ба ҷамъияти навини Тоҷикистон тӯҳфа менамоем




























































скачать dle 12.1
Просмотров: 38  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.