http://balkhi.tj/
РУЗИ ФАЛАК
12-10-2020, 14:55 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

РУЗИ ФАЛАК

        Санаи 10 октябри соли 2020 дар кинотеатри ба номи М. Горкий чорабини бахшида ба Рузи фалак баргузор гардид.

       Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 октябр дар сар то сари кишвари азизамон Рузи фалак ҷашн гирифта мешавад. Ин тадбир барои худшиносии миллӣ, рушди ин жанри мусиқии суннатӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва бадеии миллати тоҷик мусоидат мекунад. Аз фурсати муносиб истифода бурда Шумо ҳаводорони санъати баланди миллиро аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ самимона табрик гуфта, ба Шумо завқи баланди эҷодӣ ва идроки баланди фарҳангиро таманно менамоям.

       Саъати мусиқии халқи тоҷик таърихи бостонӣ ва рангину пурғановат дорад. Имруз дар муҳити нави рушди санъат анъанаҳои беҳтарини он идома доранд ва тобишҳои тозаи ҷаҳони маънавӣ ва завқи зебописандии муосиронро сайқали тоза мебахшад. Рушду пешрафти фарҳанги миллӣ ва муаррифӣ намудани он ба ҷаҳониён яке аз паҳлуҳои муҳими сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор меравад. Барои нигоҳдошт ва ҳифзу инкишофи дастовардҳои фарҳангии хеш дар миқёси умумибашарӣ мардуми тоҷик низ саҳми беандоза гузоштааст. Маҳз фарзандони фарзонаи миллат буд, ки тавонистанд мероси фарҳангиву таърихии хешро новобаста аз чолишҳои замона ҳифзу нигоҳдорӣ намоянд ва бар замми куҳанбунёд будан таърихи бою пурғановати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.  

       Фалак жанри мардумӣ аст ва гузаштагони мо ин ҳунари аҷдодиро тули ҳазорсолаҳо барои насли имруз мерос гузоштаанд. Фалак аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ аз ҷумлаи беҳтарин мусиқист, ки мо онро барҳақ мусиқии шаклан озод, таҷассумгари руҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем. 

       Мусиқии Фалак чун ҷузъи қавии фарҳангии тоҷикон ба шумор рафта, ҳамчун жанри мусиқии суннатӣ аз замонҳои хеле қадим вуҶуд дошт ва бо мурури замон такомул ёфта, хусусиятҳои тоза касб намудааст. Фалак аз руи эҷоди суруду оҳангҳо ба чанд гуруҳ мешавад. Аслан ду намуди онро мутаххасисон маъмул мешуморанд. Ин фалаки роғи ва фалаки даштӣ аст. Фалаки роғи фалакест, ки бо ҳамоҳангии асбобҳои мусиқи иҷро мешавад, аммо фалаки даштӣ бе истифодаи асбобҳо суруда мешавад. Дар қатори онҳо имруз фалаки дарвозӣ, фалаки афғонӣ ва фалаки куҳистонӣ низ маъмул гаштаанд. Ин шаҳодати он аст, ки дар ҳар минтақа ин жанри мусиқи ба таври вижа тавлид ва иҷро мешудааст. Танҳо фалаки куҳистониро муҳаққиқон марбути ҳама мардуми манотиқи кишвар медонанд. 

      Фалак ҳамчун жанр аз руи мазмуни абёти фалакӣ ва мусиқии дилангези он маънои сарнавишти носозгори умрро дар назар дорад. Аммо ба андешаи бархе аз коршиносони мусиқишинос фалакхонӣ –ин фақат ифодаи сузу гудоз ва дарду ҳасрат нест, балки дар бисёр ҳолатҳо таронаҳои Фалак шодию нишоти дили мардумро низ баёнгаранд. 

     Шунавандаи асил агар ба услуби компазитсионии Фалак таваҷчуҳ намояд, дарҳол эҳсос менамояд, ки аксари кулли намунаҳои фалакхонӣ аз оҳангҳои вазнин, байтҳои пур аз дард оғоз гарданд ҳам, дар аснои гузариш ба қисмҳои ниҳоӣ ба Уфари фалак, яъне навоҳои шуху рақсӣ табдил меёбад. Бояд гуфт, ки дар муаррифӣ намудани жанри фалак ва рушд додани он ҳамчун як намунаи санъати мусиқии умумимиллӣ саҳми фалакхонони беҳтарини кишвари мо Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Давлатманд Холов, Соҳиба Давлатшоева ва дигарон хеле барҷаста мебошад.

       Фаъолият намудани ансамбли Фалак дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нишонаи ҳифзу нигоҳдошт ва инкишофу муаррифӣ намудани ин жанри асили мусиқи аст. 

      Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ бобати ҳифзу нигоҳдорӣ ва идомаи ин санъати баланди мусиқи бо таваҷчуҳи бевоситаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия таваҷчуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Баргузории озмуну чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ миёни ҷавонону наврасон барои дарёфти чеҳраҳои нави соҳаи санъат далели возеҳ ба ин аст. Ҳамасола Мактаби санъати мусиқии бачагонаи ноҳияро даҳҳо дустдорони санъат хатм намуда, ин анъанаи насли калонсолро дар миқёси мамлакат ва берун аз он муаррифӣ менамоянд. Дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ин муассисаи фарҳангӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ноҳия қарор дошта, бобати таъмини шароити беҳтари илмомузӣ ба онҳо шароити созгор таъмин карда мешавад. Сохтмони бинои нави китобхона ва Осорхонаи таърихӣ дар маркази ноҳия ба истиқболи 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи истиқлолият ва таваҷчуҳ ба густариши рукни муҳими давлатдорӣ-рушди фарҳангу маънавиёти ҷомеа аст. Зеро мардуми ноҳияи мо мардуми соҳибфарҳанг ва дорои дарку фаҳмиши баланди бадеӣ ҳастанд ва мо шароит ва имконият дорем, ки бо ҷалби бевоситаи онҳо чорабиниҳои сатҳи ноҳияро боз ҳам дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намоем.

      Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар Шуморо бо Рузи Фалак самимона табрик мегуям ва пойдории сулҳу ваҳдати комилро дар Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол таманно менамоем.  


скачать dle 12.1
Просмотров: 15  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.