http://balkhi.tj/
БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОИ МУБОРИЗАИ БЕАМОН БОЯД БУРД.
16-10-2020, 13:17 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ
БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОИ МУБОРИЗАИ
БЕАМОН БОЯД БУРД.


       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба дар суханрониҳои худ аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ба маврид таъкид намудаанд, ки: “Терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашадӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Терроризм ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.

         Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунанд.

         Бояд гуфт, ки дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёнӣ иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардиданд. Терроризм ва ифротгароӣ хатари марговар буда, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаҳои ҷиддитарини инсоният дар асри 21 табдил ёфтааст.

         Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллӣ худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад.

         Тоҷикон миллати озодпарасту озодихоҳ  будану ҳастанд. Солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарварданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогири сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90- уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазорсол аз нав ба эҳё ва эъмори давлатӣ миллии худ ноил гардид. Истиқлолияти давлатӣ дар таърихӣ ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле бузург аст. Вале, Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар мардум бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷонисорӣ мукунад. Таърих гувоҳ аст, ки фарзанди ватандӯсти халқи тоҷик дар тӯли асрҳо миллату ватани худро аз вартаи нобудшавӣ наҷот додаву ба он умри дубора бахшидаанд. Яке аз чунин фарзандони наҷотбахши миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки Тоҷикистони азизро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ баровард ва ҳазорон нафар гурезаҳоро ба хоки Ватан баргардонд. 

         Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақвияти ин суханҳо гуфта буданд: “Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки сулҳу субот ва ормиву осоиш барои ҳар як миллат, махсусан барои халқӣ мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, бузургтарин неъмати дунё маҳсуб меёбанд”.

         Аз ин рӯ, ҳар як сокини мамлакат, махсусан насли ҷавонро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Баҳри ҳифзу амнияту якпорчагии Ватани азизамон- Тоҷикистони биҳиштосо ва дастовардҳои бузурги миллӣ бар зидди ҳар гуна падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризму ифродгароӣ муборизаи беамон баранд.

         Мусаллам аст, ки мо кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дастуру супоришҳои роҳбари давлатро ҳангоми вохӯриҳо сармашқи кори худ қарор медиҳем ва ҳадафу мақсад ва ғояҳои созандаву муттаҳидкунандаи сулҳу озодиро ба ҳар як шаҳрвандӣ кишвар тарғибу ташвиқ менамоем.


Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия


скачать dle 12.1
Просмотров: 11  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.