НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » ИТТИЛОИЯ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ҲАЖДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАЪВАТИ ШАШУМ
июль 12 2023

ИТТИЛОИЯ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ҲАЖДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАЪВАТИ ШАШУМ

   Санаи 30 июни соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти раёсати раиси маҷлиси вакилони халқи ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон, Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид. Дар он барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баррасӣ карда шуд. Қурбонзода Қурбоналӣ муовини раиси ноҳия дар ин бора баромад намуда қайд намуд, ки мардуми сарбаланди ноҳия дар фазои тинҷиву амонӣ, сулҳу ваҳдат ва осоиштагии диёри азизамон – Тоҷикистон, чун аҳли кишвар, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллиро бо корҳои созандагию бунёдкорӣ ва бо ҳазорон орзую умедҳои нек истиқбол намуданд. Ҷиҳати амалишавии Барнома ва нақшаи чорабиниҳои Барнома бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста гардида, дар ин самт чораву тадбирҳо андешида мешавад. Дар асоси Нақшаи чорабиниҳо барои ҳифзу нигоҳдории харобаҳои ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии зикргардида чораандешӣ карда шуда, аз тарафи бахши фарҳанг мунтазам корҳои тозагӣ, ободонӣ амалӣ карда шуда, гулшинонӣ карда мешавад. Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ зарур аст ва мувофиқи мақсад мебуд, ки ҳолати қадимаи яке аз ин қалъаҳо, Қалъаи Ҳалевард ва ё Қалъаи Лағмон барқарор карда шуда, ҳамчун осорхона истифода бурда шавад. Ин омил ба сатҳи зиёдшавии шумораи сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат менамояд. Дар ноҳия айни замон Осорхонаи таъриху кишваршиносӣ фаъолият мекунад, ки шумораи нигораҳои он 3530 ададро ташкил медиҳад. Нигораҳои дар он нигоҳ дошта шуда, бештар аз харобаҳои ёдгориҳои таърихии ҳудуди ноҳия дарёфт гардидаанд. Ин омил то ҳанӯз идома дошта, аз ҷониби шаҳрвандон аз ин харобаҳои нигораҳо дарёфт гардида, ба Осорхона супорида мешавад. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Амирхон Юсуф қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои бениҳоят зиёдеро ба анҷом расонида истодааст. Саҳми миллати тоҷик дар як маврид бо арзишҳои таърихию фарҳангии хеш инчунин бо фарзандони шоистаи хеш дар сатҳи ҷаҳонӣ назаррас мебошад. Татбиқ ва амалӣ намудани Барномаи мазкур бояд имкон пайдо намояд, ки танзими ҳифз, тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ фароҳам оварда шуда, теъдод ва сифати объектҳои мероси таърихию фарҳангии барои истифода пешниҳодшаванда бештару беҳтар гарданд, ки ин дар навбати худ афзоиши воридшавии сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро таъмин менамоянд. Тағйиротҳои куллие, ки туфайли татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур ба амал меоянд, барои пурра намудани фазои солими иттилоотӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, маърифатии сокинон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати дастёбии озодона ба сарчашмаҳои мероси таърихию фарҳангӣ мусоидат менамояд.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: Атабаева Зуҳро
  • Санаи нашр: 12 июль 2023 10:03
  • Категорияи нашр: Асосӣ
  • Шумораи диди нашр: 305
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

03 июль 2023
Асосӣ
ИТТИЛОИЯ ОИД БА

ИТТИЛОИЯ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ҲАЖДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАЪВАТИ ШАШУМ .

Маълумоти бештар
24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
03 апрель 2023
Асосӣ
ИТТИЛОИЯ ДАР БОРАИ

ИТТИЛОИЯ ДАР БОРАИ ИҶЛОСИЯИ ШОНЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ, ДАЪВАТИ ШАШУМ Санаи 30

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Апрель 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930