НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА
июль 12 2023

ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА

      Фасли тобистон ҳамчун фасли истироҳатӣ барои хонандагону толибилмон хусусиятҳои хоси худро дорад. Махсусан, фасли тобистон бо истироҳату фароғаташ аз дигар фаслҳо фарқ дорад. Фасли тобистон бештар ба кӯдакону наврасон хуш меояду бесаброна интизори фаро расидани ин фасл мешаванд. Айни ҳол дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвари азизамон таътили тобистона идома дорад. Мувофиқи маълумотномаи Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023 ҷиҳати иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 4 майи соли 2023, №97 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №126 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кудакон ва наврасон дар соли 2023» рӯзи 15 майи соли 2023 дар толори шуъбаи маориф бо иштироки кормандон ва директорони муассисаҳои таълимӣ ва томактабии ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Мутобиқи нақшаи тасдиқшудаи мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз 16 майи соли 2023, №47 дар Ҷамоати деҳоти Ҳалевард 655 нафар, Золи Зар 655 нафар, Маданият 655 нафар Навоӣ 655 нафар, Навобод 655 нафар, Калинин 655 нафар, Ҷамоати шаҳраки Гулистон 555 нафар ва Ҷамоати шаҳраки Балх 755 нафар дар маҷмӯъ; 8490 нафар кӯдакон ва наврасон ба истироҳати тобистона дар се баст, яъне: Басти якум – 2830 нафар Басти дуюм - 2830 нафар Басти сеюм -2830 нафар ба муҳлати 15 рӯз ба лагери тобистона фаро гирифта мешуд. Инчунин дар муассисаҳои томактабии ноҳия 2300 нафар кӯдакон ва мактаб - интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳия - 950 нафар кӯдакон ва наврасон дар 3 баст аз 10 июни соли 2023 ба муҳлати 15 рӯз лагери солимгардонии наздимактабии рӯзонаро ба нақша гирифтаанд, ташкил карда шуд. Ба роҳбари лагер, мураббиён, роҳбари Созмони талабагӣ супориш дода шуд, ки майдончаҳои тандурустӣ, нақшаи тарбиявӣ, рӯзнома, реҷаи корӣ, дафтари бақайдгирии давомоти истироҳаткунандагон тартиб дода, аз рӯи он фаъолият намоянд. Мураббиён ва ошпазҳо аз назорати тиббӣ гузашта, иҷозати маркази давлатии назорати санитарию эпидемиологиро гирифтаанд. Дар даври якум хонандагони мактаб- интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 1 то 10 -уми июни соли 2023, 25 нафар кӯдакон дар даври дуюм 15 нафар аз 20 то 30-уми июни соли 2023 дар умум 40 нафар хонанда ба муҳлати 10 рӯз аз ҳисоби буҷаи муассиса ҳамагӣ: 25000 сомонӣ гузаронида шудааст. Дар даври якум ва дуюм 680 нафар кӯдакон дар муассисаҳои томактабии ноҳия аз ҳисоби падару модарон ба муҳлати 15 рӯз ба лагери истироҳатии тандурустӣ дар худи муассисаҳои томактабӣ аз 10 июни соли 2023 ҷалб карда шуданд. Аз ҳисоби кумитаи иттифоқи касабаи кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бошад 6 нафар истироҳаткунандагон сафарбар карда шуда ва ба ҳар як хонанда ба маблағи 1355 сомонӣ ҷамъ: 8130 сомонӣ ҷудо шуда, аз 19-уми июни соли 2023 ба лагери тандурустии ноҳияи Варзоб «Файзи Истиқлол» лагери беруназшаҳрӣ ба муҳлати 12 рӯз фиристода шудаанд. Дар баробари ин аз ҳисоби хазинаи хароҷоти муассисаҳо дар муассисаҳои таълимии №7 25 нафар, №8 25 нафар, №1 25 нафар, №2 25 нафар №10 25 нафар, №36 25 нафар, №44 25 нафар ва №61 25 нафар (ҳамагӣ :200 нафар) истироҳаткунандагон аз 14-уми июни соли 2023 лагери истироҳатии солимгардонӣ ташкил карда шудаанд. Инчунин дар муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Санавбар» низ дар басти дуюм 50 нафар истироҳаткунандагон аз ҳисоби падару модарон ба муҳлати 15 рӯз ба лагери истироҳатии тандурустӣ дар худи муассисаи томактабӣ аз 10 июли соли 2023 ҷалб карда мешаванд. Баргузорӣ ва ташкили лагери истироҳатӣ барои кӯдакону наврасон дар фасли тобистон таъсири мусбат дошта, рӯҳияи онҳоро дар роҳи пешрафти илму дониш боз ҳам баланд мебардорад.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
12 январь 2023
Асосӣ
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛИ 2022 Санаи 6 январи соли 2022 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
05 апрель 2023
Маориф
«ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ

«ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН» Ҳамасола аз 2 то 9 апрел дар шаҳру навоҳии кишвар Фестивали

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Март 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031