НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТЕЛЕВИЗОНИИ ЭҶОДИЁТИ ХАЛҚ «АНДАЛЕБ – 2023»
июль 17 2023

БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТЕЛЕВИЗОНИИ ЭҶОДИЁТИ ХАЛҚ «АНДАЛЕБ – 2023»

                   ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

      Имрӯз 14 июли соли 2023, бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, АП-318, оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, дар Чойхонаи ба номи "Шамсулло"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндагони раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Боймуродов Саидмурод, Ризоев Муҳаммад, муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо ва дигар масъулин доир гардид. Мақсад аз баргузории фестивал – озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши ансамблу гурӯҳҳои эҷодӣ дар раванди тарбияи ҷавонон ва наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави санъаткор буда, аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ тавассути Фестивал – озмун комёбиҳои фарҳангу ҳунари ҳар як минтақаи кишварро бо тобишҳои рангини он манзури тамошобинон мегардонанд. Ҳунармандони ноҳия дар фестивал озмун аз рӯи 12 шарт, яъне намоиши ҳунарҳои мардумии «Бозори ҳунар», суруди ҳамсараён аккопела (бе сози мусиқӣ) дар доираи мавзӯъҳои васфи Ватан, сулҳу суботи кишвар, инъикоси меҳнати бунёдкоронаи мардуми Тоҷикистон, намоиши сарулибоси миллӣ бо иловаи навгониҳои имрӯза, навозиши умумӣ, рақси яккаи дорои мавзӯи мушаххас дар иҷрои зан ё мард, суруди якка бо либоси миллӣ дар иҷрои мард ё зан, навозиши якка бо сози нодири миллӣ (қонун, сато, қушнай, меҳтар, уд, арфа), бадеҳа, дуэт ё лапар, суруди анъанавӣ: шашмақом, фалак, гуруғлӣ, мадҳияхонӣ, саҳначаи ҳаҷвӣ, суруди ҳаҷвӣ, монолог дар мавзӯи доғи рӯз, порча аз анъанаҳои мардумӣ, сюитаи овозию рақсӣ маҳорати худро манзури тамошобинон ва ҳайати ҳакамон намуданд. Дар фарҷом намояндаҳои вилоятӣ баромад намуда, ба иштирокдорони фестивали мазкур баҳои баланд доданд.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
03 апрель 2023
Фарҳанг
-- ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА» Ҷаласаи комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули Лола» дар ноҳияи

Маълумоти бештар
17 май 2023
Фарҳанг
ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» Санаи 15 майи соли 2023 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Апрель 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930