НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА «16 РӮЗИ ФАЪОЛНОКӢ БАР ЗИДДИ ЗӮРОВАРИИ ГЕНДЕРӢ»
июль 27 2023

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА «16 РӮЗИ ФАЪОЛНОКӢ БАР ЗИДДИ ЗӮРОВАРИИ ГЕНДЕРӢ»

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари вохӯрию суҳбатҳояшон оид ба бунёди оилаи солиму устувор, тарбияи фарзандони солеҳ, таълиму тарбияи наслҳои имрӯзу оянда дар рӯҳияи ватандӯстӣ, баҳри пойдорию устувории Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, оилаи солиму фарзандони солеҳро асоси давлату миллати устувору солим арзёбӣ менамоянд. Дар ин замина имрӯз 26 июли соли 2023 дар толори Маркази дастгирии занони ташкилоти ҷамъиятии «Оксана» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки роҳбари лоиҳа Муаззама Усмонова, ахборотчии ташкилоти ҷамъиятии «Оксана» Саодат Алаёрова, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Моҳсанам Аҷикова, кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, мушовири шуъбаи маориф, ёвари сардори ШВКД, намояндагони ҲХДТ ва раисони маҳалла мизи мудаввар бахшида ба «16 рӯзи фаъолнокӣ бар зидди зӯроварии гендерӣ» баргузор гардид. Муаззама Усмонова дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштан ва ҳимоя намудани ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, озодии занон, рушду нумуи фаъолияти онҳо, муҳофизати саломатии ҷомеа, муҳофизати табиат ва тарбия ибрози андеша намуд. Гуфта шуд, ки ахборотчиёни Маркази дастгирии занон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатӣ ва ҳуқуқии аҳолӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Гулистон, Навоӣ, Золи Зар, Навобод ва Балх вохӯриҳои иттилоотӣ ва семинарҳоро дар мавзӯъҳои «Пешгирии никоҳи зӯроварӣ дар оила», «Пешгирии савдои одамон», «Ҷалби духтарон ба таҳсил», «Пешгирии никоҳи барвақтӣ ва хешу таборӣ» ба роҳ гузоштааст. Ҳуқуқшинос ва равоншинос бо мақсади ҳифзи ҷабрдидагони зӯроварӣ тариқи ройгон кӯмаки ҳуқуқӣ ва равонӣ расонида, ниҳон доштани шахсияти муроҷиаткунандаро кафолат медиҳад. Зикр гардид, ки курсҳои пазандагӣ, гулдӯзӣ ва дӯзандагие, ки маркази дастгирии занон тариқи ройгон мегузаронанд, ба ҷабрдидагони зӯроварӣ имкон медиҳанд, ки соҳиби касб гашта дар оянда ба ҳамин восита мустақилияти молиявиро ба даст оварда, дар ҷомеа мавқеи худро мустаҳкам созанд. Иштирокдорон низ дар навбати худ суханронӣ намуда, қайд доштанд, ки зӯроварӣ дар оила - ин амали қасдонаи ғайриқонунии дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ва иқтисодӣ мебошад, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила содир шуда, он боиси поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои шахси дигар, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ ва ё таҳдиди расонидани чунин зарар ба саломатӣ мегардад. Лоиҳа бо ташаббуси Дафтари Барномаҳои Созмони Амнияти Ҳамкорӣ дар Аврупо фаъолияти худро давом дода истодааст. Чорабиниҳои мазкур оид ба сатҳи дониши занон, шиносоӣ бо қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баробарии гендерӣ, баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқҳои худ мусоидат мекунад.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
12 декабрь 2022
Асосӣ
«16 РӮЗИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ

«16 РӮЗИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ЗУРОВАРИИ ГЕНДЕРӢ» Рӯзи 7 декабри соли ҷорӣ дар толори Китобхонаи марказии ноҳияи

Маълумоти бештар
15 ноябрь 2022
Асосӣ
10 НОЯБР – РӮЗИ

10 НОЯБР – Р Ӯ ЗИ МИЛИТСИЯИ ТО Ҷ ИК Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик дар

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
12 июль 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Апрель 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930