Календар
«    Апрель 2021    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930 
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
"МУҲРИ МУҲАББАТ" БА ЧОП РАСИД
29-01-2021, 10:40 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

"МУҲРИ МУҲАББАТ"

БА ЧОП РАСИД

   Нашриёти «Адиб» китоби дуюми эҷодкори ҷавону умедбахши ноҳия  Ибодуллоҳ Одинаи Мафтунро  таҳти унвони "Муҳри муҳаббат" бо теъдоди 1000 нусха  аз  чоп баровард.

    "Муҳри муҳаббат" китоби дуюми Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун буда, ашъори дар чор-панҷ соли охир сурудаи ӯро фаро гирифтааст. Истеъдоди шоирии муаллиф аз як маҷмӯа то маҷмӯаи дигар дар ҳолати рушд кардан қарор дорад.  Агар  мо шеърҳои маҷмӯаи нахустини ӯро бо ашъори ин китоб қиёс намоем, дармеёбем, ки ҳунару санъати шеърии шоир дар ин давра хеле сайқал ёфтаву  суфта гардидааст",- навиштааст дар пешгуфтори  китоб  устод Раҷабалӣ Худоёрзода, номзади илмҳои филологӣ.

    Ёдовар бояд шуд, ки Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун корманди рӯзномаи "Навиди Балх"-и ноҳия буда, соли 2015 маҷмӯаи шеърҳои аввалинаш  бо номи "Мафтуни қалам" нашр гардида буд.  Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун "Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва узви Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

    Аҳли қаламаи рӯзнома Ибодуллоҳи Мафтунро барои дастоварди навбатиаш самимона табрик намуда, барояш парвози баланди эҷодиро  хоҳонанд.

    Дар поён  яке аз ғазалҳои китоби мазкурро пешкаши хонанда менамоем:

МУҲРИ  МУҲАББАТ

Хушрангу хуш бувад ҳар рӯзу соатат,

Эй ёри хушхиром, қурбони қоматат.

Дастат бидеҳ ба ман, то охирин нафас,

Чун ҷони хештан хоҳам саломатат.

Субҳи нигоҳи туст, мавҷи тулӯъи ишқ,

Равшангари дилам хуршеди талъатат.

Абрукамони  ман,  моҳи каёни ман,

Ман куштаи қаду шарму назокатат.

Аз ман чӣ хоҳӣ ёр, боре бигӯ маро,

Ҷон медиҳам нигар, бо як ишоратат.

Имзои ту гирифт, Мафтуни ту бубин,

Дар коғази дилаш, муҳри муҳаббатат.

скачать dle 12.1
Просмотров: 62  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.