Календар
«    Апрель 2021    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930 
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
Ифтитоҳи Маҷмааи тиҷоратии “Наврӯз” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
25-03-2021, 14:23 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Ифтитоҳи Маҷмааи тиҷоратии “Наврӯз” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллатПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маҷмааи тиҷоратии “Наврӯз”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи тиҷоратӣ дар доираи истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидаастСохтмони иншоотки масоҳаташ ба 2 ҳазору 112 метри мураббаъ баробар астсоли 2019 оғоз ёфта буд. Бино аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

 Ин бинои хуштарҳу замонавӣ аз тарафи сокинони ватандӯсти ноҳия оилаи Абдуллозодаҳо бунёд шудадар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 70 нафар сохтмончии маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидандДар бунёди ин маҷмаа асосан маҳсулоти ватанӣ истифода шудааст.

 Дар ошёнаи 1-уми маҷмааи тиҷоратӣ асосан маҳсулоти хӯрокворӣ ба фурӯш бароварда шудаастТолори намоиш ва фурӯши сару либос ва маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ дар ошёнаи 2-юми бино ҷойгир аст.

 Дар қабати сеюми иншоот корхонаи дӯзандагӣ бунёд ёфтаастКорхонаи мазкур бо беш аз 200 адад мошинаи дарздӯзӣ ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ барои дӯхти сару либос муҷаҳҳаз гардонида шудадар он беш аз 200 нафар занону ҷавондухтарони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

 Аксари кормандони ин корхонаи дӯзандагӣ қаблан хонанишин будандБо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи навакнун занону ҷавондухтарони соҳибҳунари деҳаи Наврӯз корро дар шароити беҳтар ба роҳ хоҳанд мондДар ин ҷо ҳамчунин нафаронеки соҳибкасб нестандба курсҳои омӯзишии дӯзандагӣ фаро гирифта шудабаъдан бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

 Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар Маҷмааи тиҷоратии “Наврӯз” дар деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд додаиқдоми соҳибкорро ҷиҳати ободии як гӯшаи диёршоистаи таҳсин хонданд.

 Бино дар шафати роҳи мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ ҷойгир будадар доираи корҳои ободонӣ дар атрофи он гулҳои рангоранг ва дарахту буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст. Иншооти нав ба симои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣки замони соҳибистиқлолии мамлакат ба куллӣ тағйир ёфтаастзебогии дигар зам кардааст.

скачать dle 12.1
Просмотров: 24  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.