http://balkhi.tj/
Душмании наҳзат дар фазои маҷозӣ
5-07-2021, 13:14 | Автор: admin2 | Категория: Асосӣ
Тухми дигар ба каф орему зи нав кишт кунем,
К-он чи киштем зи хиҷлат натавон кард дарав.
                                                                        Иқбол
 
Танҳо василае ва фазое, ки барои наҳзат боқӣ мондааст, ин майдони шабакаҳои иҷтимоист, ки касе ба гуфтаи худ ва дигарон ҷавобгӯй нест, масъулият надорад. Таҳқири дигарон ҷузъи сиёсати таблиғотии ин ҳизб гаштааст, наҳзат барномаҳои интернетӣ дуруст карда, ба иззати нафси мардум метозад, ҳарими шахсии  касеро эҳтиром наменамояд.
Мошин ҳини ҳаракат пишакро зер кард, он рӯз дар минбари ирфотиҳо дар Интернет дафу доира мезананд, тӯй мекунанд, ки камбудӣ ёфтанд. Ба ҳукми қудрати эзидӣ заминҷунбӣ шавад, хушҳолтарин фард наҳзатӣ аст ва пойгоҳи ҷосусиашон «паём.нет»-у «востокнюс». Мушкилоти одиро дар рафти сафари роҳбарияти олии ҶТ ба ҷаҳониён бузург ҷилва медиҳанд. Сухани хона ба бозор намеояду рост, барин гуфтаҳоро авлоду ачдоди наҳзатӣ чун дар ғарибӣ маскан гузиданд, намедонанд. Барномаҳои наҳзатиҳо ба минбари суханчинӣ ва ғайбати мардум, ба вижа кормандони давлатӣ табил ёфтааст. Аз таги нохун чирк бароварда, бо росту дурӯғ диққати хонандаро гӯё ҷалб менамоянд.   
Ҳамаро наҳзатиҳо фурӯхтанд, кӯҳро ба коҳ иваз карданд. Арзишҳои ҳувиятии тоҷикиро ба гадоманишӣ табдил доданд.  Муллоҳо дар шабхонаҳои ғарбӣ роҳ ёфтанд. Биҳиштро он ҷо пайдо карданд. Аз ҷаннати ухравӣ фаромӯш карданд. Ҳурони биҳиштиро дар Порису Берлину Хелсинки ёфтанд. Иқтибосҳои наҳзатиҳои қадима бо фаромӯшӣ рӯ ба рӯст, дар суҳбатҳояшон аз навмаркистҳои аврупоӣ гап мезананд, ба мисли Ҳайдегер, Попер ва Вебер. Дигар амри маъруфҳои тӯлонӣ ҳама фаромӯш шудааст. Онҳо дигар дунявианд,  даҳрианд. Девона чу девона бубинад, хушаш ояд. Митинг ва митингбозӣ ҷузъи тафаккури харобкоронаи наҳзат мебошад.  Наҳзат дар ҷумҳурӣ калимаи номатлуб, бад ва ғайриқобили қабул аст. Наҳзат оғозгари ҷанги шаҳрвандӣ ва таҳрикгари қатли оми мардум аст. Ихтироъкори фалсафаи ҷанг бешаку шубҳа наҳзат мебошад. Миллате ки ободкор буд ва дар фикри созандагӣ, ҳамин муллоҳои сиёсатзада дар вуҷудаш хасми ҳамдигариро бедор карданд.   
           Ба ростӣ:
 
Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,
Чун надиданд ҳақиқат раҳи афсона заданд.
                                                       Ҳ.Шерозӣ
 
Миралам Воҳидӣ, таҳлилгарскачать dle 12.1
Просмотров: 56  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.