http://balkhi.tj/
ШУКРИ НЕЪМАТҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
2-09-2021, 05:32 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

     Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёти мамлакат ҷавонони бонангу номус содиқона кору фаъолият доранд. Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои Ватани азизамон зарур мебошанд.

       Шаҳноза Абдуназарова, аз зумраи ҷавонони фаъоли ноҳия ин нуқтаро ба назар гирифтааст, ки айни замон дар касбу кори интихобнамудаи хеш кору фаъолият намуда истодааст. Номбурда соли 2014 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-и ноҳияро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, худи ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуда, онро бо муваффақият хатм намудааст.

     Шаҳнозаи ҷавон баъд аз хатми Донишгоҳи мазкур дар Маркази назоратии давлатии санитарию эпидемелогии ноҳия фаъолияти кориашро оғоз намуда, ба ҳайси мудири таҳлилгоҳи бактериологӣ ба сокинони ноҳия хизмати арзанда карда истодааст. Шаҳнозаро барои кору фаъолияти хубаш борҳо аз ҷониби Маркази назоратии давлатии санитарию эпидемелогии ноҳия бо ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ кардаанд.

       -Шукри неъматҳои Истиқлолият, ки барои мо ҷавонон имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Бинобар ин мо- ҷавононро зарур аст, ки масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона иҷро намуда, ба хотири рушди кишвари азизамон ҳамчун созандагони имрӯзу фардои Ватан хизмати арзандае ба ҷо орем,- бо ифтихор ибрози андеша намуд Шаҳноза Абдуназарова.

Ибодуллоҳи ОДИНА,

узви иттифоқи 

журналистони Тоҷикистон

скачать dle 12.1
Просмотров: 49  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.